https://sputnik.tj/20230313/tedod-qurboniyon-zaminlarza-turkiya-1055457474.html
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 48 ҳазор нафар расид
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 48 ҳазор нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Сар аз аввали соли ҷорӣ дар Туркия 22 ҳазор заминларза ва пас аз ларзиши мудҳиш, ки марказаш Қаҳрамонмараш буд, 16 ҳазор пасларза сабт шудааст. 13.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-13T10:25+0500
2023-03-13T10:25+0500
2023-03-14T17:15+0500
заминларза
туркия
сурия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар ҷаҳон
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/19/1055169896_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_aa5f789c584ec9df5ba77bcaf6814aae.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Шумори қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи Туркия ба 48 ҳазор нафар ва теъдоди захмиён аз 115 ҳазор нафар гузаштааст. Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як суханронии телевизионӣ аз минтақаи Сандак дар вилояти Ҳатай изҳор доштааст.Ҳамзҳамон пойгоҳи хабарии "Anadol" дар такя ба Юнус Сезер, раиси Идораи кумак ба офатҳои табиӣ (AFAD) хабар додааст, ки миёни кушташудагон ҳудуди 6278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия мебошанд. Ба иттилои манбаъ, дар манотиқи офатзада то кунун зилзилаҳои такрорӣ идома дорад ва наҷотдиҳандагон низ дар ҳолати омодабошанд.Гуфта мешавад, ки аз макони рух додани заминларза то кунун беш аз 935 ҳазор нафар ба манотиқи бехафв кӯчонида шуданд.Ба гуфтаи директори генералии ниҳоди зилзила ва коҳиши хатари Раёсати идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия Орҳан Татар, аз аввали сол то инҷониб дар Туркия 22 ҳазор заминларза ва пас аз заминларза дар маркази Қаҳрамонмараш 16 ҳазор пасларза сабт шудааст.Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмароси ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,8 дараҷа рух дода буд.Заминларза дар 11 вилояти ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шуд.Тибқи маълумоти ахир, теъдоди ҳалокшудаҳо дар Сурия ба 5914 нафар мерасад.
https://sputnik.tj/20230223/umur-ajar-najotbakhshon-tojik-qahramonon-turkiya-khond-1055135882.html
туркия
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/19/1055169896_107:0:2838:2048_1920x0_80_0_0_5eb1e4939c4eb04d87896043a4d65447.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод қурбониён заминларза туркия
теъдод қурбониён заминларза туркия
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 48 ҳазор нафар расид
10:25 13.03.2023 (Навсозишуда: 17:15 14.03.2023) Сар аз аввали соли ҷорӣ дар Туркия 22 ҳазор заминларза ва пас аз ларзиши мудҳиш, ки марказаш Қаҳрамонмараш буд, 16 ҳазор пасларза сабт шудааст.
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Шумори қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи Туркия ба 48 ҳазор нафар ва теъдоди захмиён аз 115 ҳазор нафар гузаштааст.
Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як суханронии телевизионӣ аз минтақаи Сандак дар вилояти Ҳатай изҳор доштааст.
“Теъдоди кушташудагон ба 48 ҳазор нафар ва шумори захмиён аз 115 ҳазор нафар гузаштааст”, - афзудааст ӯ.
Ҳамзҳамон пойгоҳи хабарии "Anadol" дар такя ба Юнус Сезер, раиси Идораи кумак ба офатҳои табиӣ (AFAD) хабар додааст, ки миёни кушташудагон ҳудуди 6278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар манотиқи офатзада то кунун зилзилаҳои такрорӣ идома дорад ва наҷотдиҳандагон низ дар ҳолати омодабошанд.
Гуфта мешавад, ки аз макони рух додани заминларза то кунун беш аз 935 ҳазор нафар ба манотиқи бехафв кӯчонида шуданд.
Ба гуфтаи директори генералии ниҳоди зилзила ва коҳиши хатари Раёсати идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия Орҳан Татар, аз аввали сол то инҷониб дар Туркия 22 ҳазор заминларза ва пас аз заминларза дар маркази Қаҳрамонмараш 16 ҳазор пасларза сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмароси ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,8 дараҷа рух дода буд.
Заминларза дар 11 вилояти ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шуд.
Тибқи маълумоти ахир, теъдоди ҳалокшудаҳо дар Сурия ба 5914 нафар мерасад.