https://sputnik.tj/20230223/umur-ajar-najotbakhshon-tojik-qahramonon-turkiya-khond-1055135882.html
Умур Аҷар наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамонони Туркия хонд
Умур Аҷар наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамонони Туркия хонд
Sputnik Тоҷикистон
Зимни истиқбол аз наҷотбахшони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, ӯ барои истиқболи қаҳрамононаш омад
2023-02-23T17:10+0500
2023-02-23T17:10+0500
2023-02-23T17:10+0500
дар тоҷикистон
туркия
иҷтимоъ
имдодрасонӣ
замин
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054826070_0:74:800:524_1920x0_80_0_0_ac4cff255252a86650e95501b444dd99.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Умут Аҷар, сафири Тоҷикистон дар Туркия наҷотбахшони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифт.Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи Душанбе наҷотдиҳандагонро муовини сарвазир, роҳбарияти КҲФ, роҳбарони Сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳои Кумита, Ссфири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.Наҷотбахшонро бо гулдастаҳо, нону намак ва кафкӯбии бардавому нидои “браво” истиқбол гирифтанд.Юсуфӣ аз қавли Умут Аҷар афзуд, ки ӯ барои истиқболи қаҳрамононаш ба фурудгоҳ омад.Маврид ба зикр аст, ки наҷотбахшони тоҷик дар Туркия се нафарро аз марг наҷот дода, ҳамчунин дар Қаҳрамонмараш ва вилояти Хатой ҷамъан ҷасади 217 нафарро пайдо карданд.
https://sputnik.tj/20230222/najotbakhshon-tojikistoni-turkiya-1055113028.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054826070_2:0:799:598_1920x0_80_0_0_68125dd894a7bbaea8247bec01c3037f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
умур аҷат туркия сафир тоҷикистон наҷотбахшон
умур аҷат туркия сафир тоҷикистон наҷотбахшон
Умур Аҷар наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамонони Туркия хонд
Зимни истиқбол аз наҷотбахшони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, ӯ барои истиқболи қаҳрамононаш омад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Умут Аҷар, сафири Тоҷикистон дар Туркия наҷотбахшони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифт.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи Душанбе наҷотдиҳандагонро муовини сарвазир, роҳбарияти КҲФ, роҳбарони Сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳои Кумита, Ссфири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Наҷотбахшонро бо гулдастаҳо, нону намак ва кафкӯбии бардавому нидои “браво” истиқбол гирифтанд.
Юсуфӣ аз қавли Умут Аҷар афзуд, ки ӯ барои истиқболи қаҳрамононаш ба фурудгоҳ омад.
“То имрӯз наҷотдиҳандагони КҲФ қаҳрамони Тоҷикистон буданд ва имрӯз қаҳрамони Туркия шудаанд”, - таъкид намуд сафири Туркия дар Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки наҷотбахшони тоҷик дар Туркия се нафарро аз марг наҷот дода, ҳамчунин дар Қаҳрамонмараш ва вилояти Хатой ҷамъан ҷасади 217 нафарро пайдо карданд.