Си Ҷинпин эҳёи бузурги миллати Чинро эълон кард

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкПредседатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин
Председатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Обуна шудан
Роҳбари Чин зимни суханронӣ дар анҷуматни Маҷлиси умумичиноии намояндагони халқӣ гуфт, ки пас аз муборизаи 100-сола "таҳқири халқ шуста шуд"
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин эҳёи бузурги миллати Чинро раванди бебозгашт номид.
Ӯ дар маҷлиси хотимавии анҷумани якуми Мачлиси XIV умумичиноии намояндагони халқи Хитой ба сухан ронда, қайд кард, ки халқи Чин соҳиби тақдири худ гардидааст.
"Миллати Чин як ҷаҳиши бузурге аз по хестану сарватманду қавитар шуданро ба даст овард. Эҳёи бузурги миллати Чин ба як раванди бебозгашти таърихӣ табдил ёфт", - гуфт, Си Ҷинпин.
Ба гуфти сиёсатмадор, Ҳизби коммунистии Хитой баъди ташкил ёфтани худ намояндагони тамоми миллату қавмҳоро зич муттаҳид намуда, ба он роҳбарй мекард.
"Баъди муборизаи садсола хору зории халқро шуста бурд ва халқи Хитой соҳиби тақдири худ гардид", — таъкид намуд роҳбари Чин.
Вай дар нутқи худ инчунин таъкид кард, ки пурра аз нав муттаҳид намудани ватан саъю кушиши умумии тамоми мардум ва моҳияти бебозгашти эҳёи миллӣ мебошад.
Министерство иностранных дел Китая.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Пекин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посух хоҳад дод
Бинобар ин Пекин бояд ба дахолати хориҷӣ ба корхои Тайван ва фаъолияти ҷудоихоҳӣ барои ба даст овардани истиқлолияти ҷазира қатъиян муқобил барояд.
Вай таъкид кард, ки ба инкишофи осоиштаи муносибатҳои байни ду тарафи гулугоҳи Тайван фаъолона мусоидат кардан зарур аст.
Вай ба зарурати татбиқи стратегияи Ҳизби коммунисти Чин оид ба ҳалли масъалаи Тайван, риояи принсипи "Читоии ягона" ва риояи "ризоияти соли 1992" байни Пекин ва Тайбэй ишора кард.
Лентаи хабарҳо
0