https://sputnik.tj/20220322/pekin-tahrim-ima-posukh-1046985985.html
Пекин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посух хоҳад дод
Пекин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посух хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Чин таҳримҳои эълонкардаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро алайҳаш бепоя хонд
2022-03-22T15:30+0500
2022-03-22T15:30+0500
2022-03-22T17:57+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
таҳрим
има
чин
посух
раводид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:61:3071:1788_1920x0_80_0_0_ec6937e7ad2df19e1c004f6b014ace73.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Пекин иқдоми Вашингтон барои роҳандозии маҳдудиятҳои марбут ба гирифтани раводид дар нисбати мақомдорони чиниро бепосух нахоҳад гузошт. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Ван Вэнбин дар суҳбат бо хабарнигорон хабар дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар акси ҳол Чин аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт. Дипломати чинӣ изҳор дошт, ки вазъи феълии ҳуқуқи башар дар кишвар дар "сатҳи беҳтарин таърих" қарор дорад. Вэнбин бо зикри ин нукта аз ИМА даъват намуд, ки бадномсозии барқасдонаи Чин ва фишор ба ин кишварро хотима диҳад. Маврид ба зикр аст, ки қаблан котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳор карда буд, ки кишвараш маҳдудиятҳои нави марбут ба раводиди сафар алайҳи як қатор мақомдорони чиниро роҳандозӣ мекунад. Блинкен изҳор дошт, ки маҳдудиятҳо алайҳи афроде роҳандозӣ мегарданд, ки масъулини фишор алайҳи ақаллиятҳои миллию динӣ дар Чин ба шумор мераванд. Қаблан Вазорати умури хориҷии Чин мухолифаташро алайҳи таҳримҳо нисбати Русия баён дошта, изҳор дошт, ки чунин иқдом баръакс вазъро шиддат мебахшанду ҳал намекунанд.
https://sputnik.tj/20220315/mansabdor-arshad-amriko-rusiya-tahrim-1046828634.html
има
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab40437ce0e85babdf730b6bfe611385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, има, таҳрим, хост
Пекин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посух хоҳад дод
15:30 22.03.2022 (Навсозишуда: 17:57 22.03.2022) Чин таҳримҳои эълонкардаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро алайҳаш бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Пекин иқдоми Вашингтон барои роҳандозии маҳдудиятҳои марбут ба гирифтани раводид дар нисбати мақомдорони чиниро бепосух нахоҳад гузошт.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Ван Вэнбин дар суҳбат бо хабарнигорон хабар дод.
"Мо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват мекунем, ки фавран ба ном таҳримҳо нисбати мақомдорони чиниро бекор кунанд", - изҳор кард Ван Вэнбин.
Ӯ таъкид намуд, ки дар акси ҳол Чин аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт.
Дипломати чинӣ изҳор дошт, ки вазъи феълии ҳуқуқи башар дар кишвар дар "сатҳи беҳтарин таърих" қарор дорад. Вэнбин бо зикри ин нукта аз ИМА даъват намуд, ки бадномсозии барқасдонаи Чин ва фишор ба ин кишварро хотима диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳор карда буд, ки кишвараш маҳдудиятҳои нави марбут ба раводиди сафар алайҳи як қатор мақомдорони чиниро роҳандозӣ мекунад.
Блинкен изҳор дошт, ки маҳдудиятҳо алайҳи афроде роҳандозӣ мегарданд, ки масъулини фишор алайҳи ақаллиятҳои миллию динӣ дар Чин ба шумор мераванд.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Чин мухолифаташро алайҳи таҳримҳо нисбати Русия баён дошта, изҳор дошт, ки чунин иқдом баръакс вазъро шиддат мебахшанду ҳал намекунанд.