Мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистон имкон дорад дар чемпионати CAFA рақиб шаванд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дастаҳо метавонанд баъд аз нахустин бозии дӯстона, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда буд, дубора вохӯранд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон дар нахустин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунанд.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии ФФТ Фаридун Салиев тасдиқ кард.
Мусобиқа аз 9 то 21 июн баргузор мешавад. Иштирокро дар он тимҳои Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон – ҳамаи 6 узви CAFA низ тасдиқ карданд.
Боз як тими Осиё, ки номаш номаълум аст, даъватнома гирифтааст.
Дар навбати худ Иттиҳоди футболи Русия хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир шартҳои иштироки тими миллии кишвар баррасӣ мешавад.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Ба ин тартиб, дар чемпионат 8 даста ширкат меварзад, ки баъди қуръакашӣ ба 2 гурӯҳ ба 4 даста тақсим мешаванд.
Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд.
Дастаҳое, ки дар гуруҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Бояд гуфт, ки тими Русия аз моҳи марти соли гузашта аз ширкат дар мусобиқоти таҳти сарпарастии ФИФА ва УЕФА маҳрум шуда, барои Тоҷикистон ин мусобиқа марҳилаи навбатии омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0