Боздошти мудири боғча ва корманди “Имон интернешнл” барои тасарруфи садҳо ҳазор сомон

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Обуна шудан
Ҳоло тафтишоти пешакӣ анҷом шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуда, дар сурати тасдиқи айбдорӣ онҳоро зиндон ваё ҷарима мунтазир аст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасод мудири муассисаи томактабии №27 шаҳри Хуҷанд Р.М ва корманди ташкилоти қарзии “Имон интернешнл” Р.М-ро дастгир кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшудаҳо ба сӯиистифодаи ваколат ва сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам мешаванд.
Гуфта мешавад, онҳо дар асоси маслиҳати пешакӣ бархилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона қарзҳои бонкӣ тартиб дода гирифтаанд.
Гуфта мешавад, дастгиршудаҳо дар умум зиёда аз 161 ҳазор доллари ИМА ва беш аз 727 сомониро азхуд кардаанд.
“Минбаъд номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф намуда, ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба ташкилоти қарзӣ зарари моддии махсусан калон расонидаанд”, - афзудааст манбаъ.
Ҳамин тариқ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Р.М. бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва нисбати шарики ӯ Р.М. бо моддаҳои 246 қисм 3 банди “б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 265 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Боздошти нафақахӯр дар Суғд: ваъдаи сафари ҳаҷ доду 23 000 доллари мардумро "хӯрд"
Ҳамин тариқ бар асоси моддаҳои моддаҳои 246 муттаҳамонро то 148 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Барои сохтакории ҳуҷҷат, моддаи 340 бошад, то 62 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин ба Р.М барои додани қарзҳои ғайриқонунӣ 3 соли зиндон ва ё то 37 ҳазор соомнӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0