Боздошти нафақахӯр дар Суғд: ваъдаи сафари ҳаҷ доду 23 000 доллари мардумро "хӯрд"

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 13 сол пеш ҷиноят содир карда буд, ҳамакнун боздошт шуд. Ӯ бо ваъдаи ба ҳаҷ равон кардан, пули мардумро азхуд мекард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сокини 73-солаи вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, ки ҳоло нафақахӯр мебошад, қаблан низ барои ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Зикр гардид, ӯ соли 2010 ба сокини 51 -солаи шаҳри Гулистон ваъда дод, ки ӯро ба зиёрати хонаи Каъба ба Арабистон мефиристад. Ба ин хотир аз ӯ 8 000 доллар гирифт, вале ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Баъдан худи ҳамин сол аз як ҳаммаҳаллӣ худ айнан бо ҳамин ваъда 3800 доллар гирифт ва ин маблағро низ сарфи эҳтиёҷоти худ кард.

Ҳамзамон, гумонбаршаванда бо ваъдаи ба ҳаҷ фиристодани сокини 50- солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯ 8000 доллар гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намуд.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Пул гирифту хона надод: ВКД марди қаллобро боздошт кард
Қаллобкориҳои мавсуф ба ҳамин анҷом наёфта, моҳи сентябри ҳамон сол, аз як марди 47 - сола, ки ҳаммаҳалли ӯ мебошад, барои равон кардани ӯ ба зиёрати Каъба 4 ҳазор доллар гирифт ва пулро барои худ масраф кардааст.
Ба ҳамин минвол, гумонбаршуда дар чор ҳолат аз сокинони вилояти Суғд 23 800 доллар гирифтааст.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи марди нафақахӯр ҳоло тибқи моддаи 247 қисми 4 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ин модда аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва ё ҷаримаи ҳангуфтро дарбар дорад.
Лентаи хабарҳо
0