Баррасии вазъ дар минтақаҳои масъулияти СААД дар Душанбе

© МИД ТаджикистанМулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо дабири кулли СААД
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо дабири кулли СААД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Обуна шудан
Муовини вазири коҳои хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД-ро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Имангали Тасмагамбетов баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷӣ.
“Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД-ро баррасӣ намуда, оид ба вазъ дар минтақаҳои масъулияти ин Созмон, бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд”, - хабар додааст вазорати хориҷа.
Оқои Имомӣ омодагии тарафи Тоҷикистонро барои расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба дабири кулли оқои Имангали Тасмагамбетов дар иҷрои вазифаҳояш ба ҳайси роҳбари мақомоти асосии маъмурии СААД таъйид кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принял Генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности Имангали Тасмагамбетова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Раҳмон бо дабири нави СААД дар Душанбе мулоқот кард
СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1993 таъсис ёфт.
Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус узви созмон ҳастанд. Озарбойҷону Гурҷистон дар соли 1999 ва Ӯзбекистон дар соли 2012 созмонро тарк карданд.
Лентаи хабарҳо
0