https://sputnik.tj/20230313/rahmon-bo-dabiri-navi-saad-dar-dushanbe-muloqot-kard-1055461737.html
Раҳмон бо дабири нави СААД дар Душанбе мулоқот кард
Раҳмон бо дабири нави СААД дар Душанбе мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳкими сиёсӣ низомӣ ва иқтисоду фаъолияти байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ меҳвари гуфтугӯи президенти Тоҷикистон ва раҳбари СААД будааст
2023-03-13T11:07+0500
2023-03-13T11:07+0500
2023-03-13T12:25+0500
эмомалӣ раҳмон
саад
мулоқот
амният ва мудофиа
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0d/1055462782_0:0:601:338_1920x0_80_0_0_3c44301a1cc31647dc0159581de2b7b5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад.Ҷонибҳо зимни мулоқот вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.Раисҷумҳури Тоҷикистон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид кардааст.Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии СААД-ро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.Зимни ин суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифтааст.СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20230303/taghyirot-oinnoma-saad-samt-nav-muboriza-1055279776.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0d/1055462782_0:0:533:400_1920x0_80_0_0_f83f583f0a13a3dc5e4a15fe01bd4730.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон дабир саад душанбе мулоқот
раҳмон дабир саад душанбе мулоқот
Раҳмон бо дабири нави СААД дар Душанбе мулоқот кард
11:07 13.03.2023 (Навсозишуда: 12:25 13.03.2023) Таҳкими сиёсӣ низомӣ ва иқтисоду фаъолияти байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ меҳвари гуфтугӯи президенти Тоҷикистон ва раҳбари СААД будааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид кардааст.
“Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид”,- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии СААД-ро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни ин суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифтааст.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.