Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пригожин гуфт, дар интихоботи президентии соли 2024 Укриана иштирок хоҳад кард

© Sputnik Евгений Пригожин в Соледаре
Евгений Пригожин в Соледаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2023
Обуна шудан
Раҳбари Ширкати хусусии низомии “Вагнер” ахиран эълон кард, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 дар Украина иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Асосгузори Ширкати низомии хусусии "Вагнер" Евгений Пригожин дар бораи ширкат дар интихоботи президентии соли оянда дар Украина хабар дод.
Оқои Пригожин дар ин бора дар Telegram-канали худ “Оркестр Вагнера” дар як паёми видеоӣ эълон кардааст.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар соли 2024 номзадии худро ба курсии раисҷумҳури Украина пешбарӣ кунам. Дар ин мақом бо Порошенко ва Зеленский рақобат хоҳам кард. Агар пирӯз шавам, ҳамааш хуб мешавад. Хумпораҳо ҳам лозим намешавад", - гуфт ӯ.
Муассиси гурӯҳи “Вагнер” дар вақтҳои ахир, тибқи иттилои расонаҳо, дар минтақаи амалиёти вижаи Русия дар вилояти Артемовск қарор дорад.
Оқои Пригожин рӯзи 8 март эълон кард, ки артиши Русия тамоми қисмати шарқии Артемовскро таҳти назорати худ гирифтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ахиран эътироф карданд, ки нерӯҳои ширкати хусусии низомии “Вагнер” охирин роҳи муҳим барои таъмини артиши Украинаро дар Бахмут (Артемивск) таҳти назорат гирифтанд.
Ёдовари мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Украина 31 марти соли 2024 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0