https://sputnik.tj/20230312/imzo-sozishnoma-tojikiston-rusiya-sodirot-sabzavot-meva-1055445705.html
Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи содироти сабзавот, мева ва хушкмева
Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи содироти сабзавот, мева ва хушкмева
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
2023-03-12T14:50+0500
2023-03-12T14:50+0500
2023-03-12T14:50+0500
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамкорӣ
созишнома
содирот
мева
сабзавот
хушкмева
олтой
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Торгово-закупочная сеть – Сибирь" ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, ба имзо расонида шудааст, иттилоъ додааст Агентии содироти Тоҷикистон.Аз ҷумла ба минтақаи Сибири Русия пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот содирот мешавад.Тибқи иттилои манбаъ, ахиран мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати Олтойи Русия дидору гуфтугӯ кард.Ҳайати Олтойи Русияро Игор Степаненко, намояндаи ҳукумати ин минтақаи Русия роҳбарии мекард, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.Дар ин дидор масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати Ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.
https://sputnik.tj/20230306/senator-zhuravlev-dodugirifti-rusiya-tojikiston-afzoish-1055347556.html
олтой
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, содирот, сабзавот, мева, хушкмева, созишнома имзо
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, содирот, сабзавот, мева, хушкмева, созишнома имзо
Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи содироти сабзавот, мева ва хушкмева
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Торгово-закупочная сеть – Сибирь" ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, ба имзо расонида шудааст, иттилоъ додааст Агентии содироти Тоҷикистон.
Аз ҷумла ба минтақаи Сибири Русия пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот содирот мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати Олтойи Русия дидору гуфтугӯ кард.
Ҳайати Олтойи Русияро Игор Степаненко, намояндаи ҳукумати ин минтақаи Русия роҳбарии мекард, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин дидор масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати Ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.