Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё аз тими Тайланд шикаст хӯрд

© Фото : АФКМатч Таджикистан - Таиланд отборочного турнира Кубка Азии
Матч Таджикистан - Таиланд отборочного турнира Кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2023
Обуна шудан
Бозии навбатӣ ва ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё рӯзи 12-ум баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби занонаи футболи ҷавонони Тоҷикистон (U20) дар даври дуввуми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё аз тими Тайланд шикаст хӯрд.
Бозӣ, ки дар шаҳри Бурирами Тайланд баргузор шуд, бо ҳисоби 0:5 анҷом ёфт.
Дар пеш варзишгарони тоҷикро бозӣ бо тими Ӯзбекистон интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобӣ барои тими Тоҷикистон бениҳоят бебарор - бо шикаст аз тими Тайбэйи Чин бо ҳисоби 0:14 оғоз шуд.
Женская молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Тими бонувони тоҷик дар Таиланд бо кӣ бозӣ мекунад?
Қаблан мунтахаби ҷавонони ҷумҳурӣ дар нахустин бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Тошканд бо тими Урдун бозӣ карда буд. Аммо варзишгарони тоҷик натавонистанд бар рақибони Ховари Миёна пирӯз шаванд.
Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 25-ум ба дарвозаи тими Тоҷикистон "голи арвоҳ" зада шуд ва пас аз зарбаи урдунӣ тӯб аз дарвоза берун шуд. Бозингарони тоҷик кӯшиш карданд, ки доварро бовар кунонанд, ки гол нест, аммо ӯ ба ҳар ҳол маркази майдонро нишон дод.
Лентаи хабарҳо
0