Артиши Русия қисмати шарқии шаҳри Артемовскро таҳти назорати худ гирифт

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкЗенитная установка ВС РФ в южном секторе СВО
Зенитная установка ВС РФ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Обуна шудан
Раҳбари ширкати низомии хусусӣ дар бораи зери назорати артиши Русия қарор гирифтани қисмати шарқии шаҳри Артемовск хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Муассиси гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин дар бораи назорати тамоми қисмати шарқии шаҳри Артемовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск аз сӯйи нерӯҳои Русия хабар дод.
"Нерӯҳои ширкати низомии хусусӣ "Вагнер" тамоми қисмати шарқии Артемовскро ишғол карданд. Ҳама чиз дар шарқи дарёи Бахмутка комилан таҳти назорати “Вагнер” аст", - афзуд оқои Пригожин.
Як рӯз пеш мушовири раиси ҶМД Ян Гагин гуфт, ки нерӯҳои Русия тақрибан нисфи шаҳри Артемовскро таҳти назорат гирифтанд. Ба гуфтаи намояндаи ин минтақа, гурӯҳҳои хурди нирӯҳои украинӣ дар роҳҳои кишвар бетартибона ақибнишинӣ мекунанд.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон
Дар ҳамин ҳол, роҳҳои сангфарш ба сӯи шаҳр валангор ва зери назорати тӯпчиёни Русия қарор доранд. Дар навбати худ, лой ва замини тар ба душман имкон намедиҳад, нерӯҳои иловагиашро ба ин минтақа интиқол диҳад.
Сергей Рахманин, узви Кумитаи амнияти миллӣ, дифоъ ва истихбороти парлумони Украина, гуфт, вазъ дар Артемивск мушкил аст. Аммо ахиран Валерий Залужний, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ҷонибдори идомаи амалиёти дифоъӣ ва таҳкими бештари мавқеъҳои Украина дар ин шаҳр шуд.
Артемовск дар қисми шимолии шаҳри бузурги Горловка, ки то ҳол таҳти назорати Киев қарор дорад, ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.
Лентаи хабарҳо
0