https://sputnik.tj/20230311/korshinos-osiyoi-miyona-ba-mintaqai-rushdi-ustuvori-iqtisodi-tabdil-yoftaast-1055428039.html
Коршинос: Осиёи Миёна ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст
Коршинос: Осиёи Миёна ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиши назарраси додугирифт ва сармоягузории мустақими хориҷиро нишон медиҳанд
2023-03-11T09:33+0500
2023-03-11T09:33+0500
2023-03-11T09:33+0500
осиёи марказӣ
иқтисод
сармоягузорӣ
коршинос
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456460_0:100:3068:1826_1920x0_80_0_0_78b5c26bdcea9d743c6964f0406f0371.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Осиёи Марказӣ ба бозори пуриқтидори бо ҳам алоқаманд ва ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил меёбад, гуфт муовини мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов.Вай дар ин бора зимни конфронси “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамсоягии нек, дастгирии ҳамдигар, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак”, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи оқои Неъматов, дар солҳои охир ҳаҷми умумии табодули коло кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар афзуда, аз 200 млрд доллар гузашт ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба минтақа дар соли 2022 ба 40 млрд доллар расид.Вай афзуд, дар шароити феълии буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварҳои минтақа бояд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо тамаркуз кунанд.Намояндаи Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон ҳамчунин ба зарурати амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби институтҳои дипломатияи мардумӣ ба муколамаи байни давлатҳо таваҷҷуҳ кард.Барои ҳамин баргузории анҷуманҳои минтақавии байнипарлумонӣ, ҷавонон, шаҳрвандӣ ва занон бояд хусусияти устувор пайдо кунад.Дар қатори ташаббусҳои дигари пешниҳодкардаи оқои Неъматов, ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар асоси платформаи инноватсионии рақамӣ мебошад."Дар баробари ин муҳим аст, ки минтақаро барои ҷаҳони беруна боз намоем, онро ҳамчун фазои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳифз кунем", - хулоса кард ӯ.
https://sputnik.tj/20230310/kishvarhoi-osiyoi-markazi-amniyati-ghizoi-dar-mintaqaro-barrasi-kardand-1055410354.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456460_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c516b513c0115bb7d70ff76b0a73ec0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, рушд, минтақа, додугирифт, афзоиш назаррас
осиёи марказӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, рушд, минтақа, додугирифт, афзоиш назаррас
Коршинос: Осиёи Миёна ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст
Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзоиши назарраси додугирифт ва сармоягузории мустақими хориҷиро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Осиёи Марказӣ ба бозори пуриқтидори бо ҳам алоқаманд ва ба минтақаи рушди устувори иқтисодӣ табдил меёбад, гуфт муовини мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов.
Вай дар ин бора зимни конфронси “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамсоягии нек, дастгирии ҳамдигар, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак”, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳори назар кард.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи оқои Неъматов, дар солҳои охир ҳаҷми умумии табодули коло кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар афзуда, аз 200 млрд доллар гузашт ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба минтақа дар соли 2022 ба 40 млрд доллар расид.
"Бо вуҷуди ин, мо набояд аз дастовардҳои худ саргарм шавем, зарур аст, ки кори муштарак ба манфиъати таъмини субот ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад", - гуфт коршинос.
Вай афзуд, дар шароити феълии буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ кишварҳои минтақа бояд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо тамаркуз кунанд.
Намояндаи Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон ҳамчунин ба зарурати амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби институтҳои дипломатияи мардумӣ ба муколамаи байни давлатҳо таваҷҷуҳ кард.
Барои ҳамин баргузории анҷуманҳои минтақавии байнипарлумонӣ, ҷавонон, шаҳрвандӣ ва занон бояд хусусияти устувор пайдо кунад.
Дар қатори ташаббусҳои дигари пешниҳодкардаи оқои Неъматов, ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар асоси платформаи инноватсионии рақамӣ мебошад.
"Дар баробари ин муҳим аст, ки минтақаро барои ҷаҳони беруна боз намоем, онро ҳамчун фазои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳифз кунем", - хулоса кард ӯ.