https://sputnik.tj/20230310/kishvarhoi-osiyoi-markazi-amniyati-ghizoi-dar-mintaqaro-barrasi-kardand-1055410354.html
Кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти ғизоӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти ғизоӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар Ишқобод масоили амнияти ғизоӣ ва истифодаи технологияи безарарро баррасӣ карданд
2023-03-10T12:09+0500
2023-03-10T12:09+0500
2023-03-10T12:09+0500
ом
ғизо
хоҷагии қишлоқ
дар тоҷикистон
туркманистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/72/1026997240_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3b91c372dc4e799513e6a0b0899cb3ba.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод масоили амнияти ғизоиро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад телевизиони туркманистонӣ. Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон конфронси байнулмилалӣ бахшида ба шарикии кишварҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ дар баробари тағйири иқлим ҷараён дорад. Анҷумани дурӯза бо ибтикори раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов таъсис ёфта ва онро ҳукумат дар якҷоягӣ бо Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК) ташкил кардааст. Дар ҷаласа намояндаи минтақавии СОК дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Раҳмонин, раҳбарони вазоратҳои дахлдори Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони Эрон ширкат доштанд. Дар ин ҷаласа тағйирёбии иқлим, ки таҷрибаҳои анъанавии кишоварзиро тағйир медиҳад, низ баррасӣ шуда, аҳамияти дидани чораҳои таъҷилӣ муҳокима карда шудааст. Яке аз унсурҳои муҳими таҳкими амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла фаъолияти мунтазами истеҳсолоти ҷаҳонии кишоварзӣ, устувории занҷирҳои нақлиёти озуқаворӣ муайян карда шуд. Коршиносон ҳамчунин зарурати ҷорӣ кардани фановариҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи “сабз”-ро ба манзури кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ баррасӣ карданд.Яке аз василаҳои иҷрои ин вазифа метавонад Маркази минтақавии технологияҳои иқлимӣ барои Осиёи Марказӣ бошад, ки ташаббуси таъсиси он таҳти сарпарастии СММ ба Туркманистон тааллуқ дорад.
https://sputnik.tj/20230310/qazoqiston-mushakhkhas-tojikiston-gandum-sodir-1055408554.html
ом
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/72/1026997240_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d3b5f9ed6ff9e78cd1a3ffa774a18773.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишварҳо осиёи марказӣ амният ғизоӣ минтақа баррасӣ
кишварҳо осиёи марказӣ амният ғизоӣ минтақа баррасӣ
Кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти ғизоӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар Ишқобод масоили амнияти ғизоӣ ва истифодаи технологияи безарарро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод масоили амнияти ғизоиро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад телевизиони туркманистонӣ.
Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон конфронси байнулмилалӣ бахшида ба шарикии кишварҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ дар баробари тағйири иқлим ҷараён дорад.
Анҷумани дурӯза бо ибтикори раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов таъсис ёфта ва онро ҳукумат дар якҷоягӣ бо Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК) ташкил кардааст.
Дар ҷаласа намояндаи минтақавии СОК дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Раҳмонин, раҳбарони вазоратҳои дахлдори Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони Эрон ширкат доштанд.
Дар ин ҷаласа тағйирёбии иқлим, ки таҷрибаҳои анъанавии кишоварзиро тағйир медиҳад, низ баррасӣ шуда, аҳамияти дидани чораҳои таъҷилӣ муҳокима карда шудааст.
Яке аз унсурҳои муҳими таҳкими амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла фаъолияти мунтазами истеҳсолоти ҷаҳонии кишоварзӣ, устувории занҷирҳои нақлиёти озуқаворӣ муайян карда шуд.
Коршиносон ҳамчунин зарурати ҷорӣ кардани фановариҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи “сабз”-ро ба манзури кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ баррасӣ карданд.
Яке аз василаҳои иҷрои ин вазифа метавонад Маркази минтақавии технологияҳои иқлимӣ барои Осиёи Марказӣ бошад, ки ташаббуси таъсиси он таҳти сарпарастии СММ ба Туркманистон тааллуқ дорад.