Си Ҷинпин бори сеюм ба мақоми раҳбарии Чин интихоб шуд

© Sputnik / Анна Раткогло / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Компартии Китая, председатель КНР Си Цзиньпин
Генеральный секретарь Компартии Китая, председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Обуна шудан
Ба ин тартиб, Си Ҷинпин дар таърих нахустин раҳбари кишвар шуд, ки барои севвумин бор интихоб шуд. Ӯ ҳамчунин раҳбарии Шӯрои марказии ҳарбӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бар асоси натоиҷи раъйгирӣ, Си Ҷинпин барои севвумин бор пайиҳам раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муддати панҷ соли нав интихоб шуд.
Вакилони Конгресси умумичиноии намояндагони халқ якдилона ба тарафдории сеюмбора интихоб шудани ӯ овоз доданд.
Ҳамакнун Си Ҷинпин аввалин раҳбар дар таърихи Чин шуд, ки барои давраи сеюм интихоб мешавад.
Интихоботи сарвари давлат субҳи рӯзи 10-уми март дар як иҷлосияи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ баргузор шуд, ки дар он 2,9 ҳазор нафар вакилон иштирок карданд.
Вай инчунин ба Шӯрои марказии ҳарбии мамлакат, фармондиҳии ягонаи тамоми қувваҳои мусаллаҳи ҶМЧ роҳбарӣ мекунад.
Президент Джо Байден выступает с речью в Варшаве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2023
ИМА пешниҳодҳои сулҳи Чинро рад кард: Байден гуфт, ин ба нафъи Русия аст
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин бори нахуст моҳи марти соли 2013 раҳбарии ин кишварро бар дӯш дошт ва дар моҳи марти соли 2018 дубора ба мӯҳлати панҷсолаи дуввум интихоб шуд. Ӯ имсол 70-сола мешавад.
Мақоми раҳбарии ҶМЧ дар соли 1954 бо кабули сарқонуни ин кишвар таҳия шуда ва Мао Тсзэ-дун аввалин шуда ба ин вазифа интихоб шуд.
Дар хусуси Шӯрои марказии ҳарбии ин кишвар бошад, он моҳи декабри соли 1982 ташкил шуда, раиси аввалини он Дэн Сяопин буд.
Ин мақоми давлатиест, ки роҳбарӣ ва фармондиҳии ягонаи тамоми қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, яъне Армияи халкии озодихоҳии Хитой ва полиси мусаллаҳи халқиро ба амал мебарорад.
Лентаи хабарҳо
0