https://sputnik.tj/20230310/shirkati-krokus-grupp-rusiya-qarz-muhojiron-tojik-pardokht-1055418108.html
Ширкати "Крокус Групп"-и Русия қарзашро дар назди муҳоҷирони тоҷик пардохт кард
Ширкати "Крокус Групп"-и Русия қарзашро дар назди муҳоҷирони тоҷик пардохт кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати сохтмонии Русия, ки музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар соли гузашта сари вақт надода буд, ахиран ба пуррагӣ пардохт намудааст
2023-03-10T17:21+0500
2023-03-10T17:21+0500
2023-03-10T17:21+0500
дар тоҷикистон
музди меҳнат
пардохт
ширкати русӣ
корҳои сохтмонӣ
қарзҳо
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a35961b33eb3fa1456d4ccab803f0369.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати сохтмонии "Крокус Групп"-и Русия музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар соли гузашта зиёда аз 100 млн рублро ташкил медод, ахиран ба пуррагӣ баргардонида шуд, иттилоъ додааст Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар русия дар умури муҳоҷират.Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат зимни вохӯриҳои пайвастаи Намояндагӣ бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный" ноҳияи Красногорск вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.Ширкати “Крокус Групп" дар хусуси қарздорӣ қайд кардааст, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки зимни суҳбатҳои гузаронидашуда бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур кор мекунанд, маълум гашт, ки будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад ва дар давоми 5 – 6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ба миён омадааст.Қайд карда шудааст, ки айни замон, масъалаи пардохти музди маоши кормандон барои моҳҳои январ ва феврали соли 2023 зери назорати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230210/rusiya-tojikiston-muhojirat-sozishnoma-imzo-1054831560.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_222:0:2953:2048_1920x0_80_0_0_4b56e5cf9d67ecb5a0fff9f93bbd4e63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, музди меҳнат, партох, ширкат, сохтмонӣ, русия, намояндагии вазорати меҳнат
тоҷикистон, музди меҳнат, партох, ширкат, сохтмонӣ, русия, намояндагии вазорати меҳнат
Ширкати "Крокус Групп"-и Русия қарзашро дар назди муҳоҷирони тоҷик пардохт кард
Ширкати сохтмонии Русия, ки музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар соли гузашта сари вақт надода буд, ахиран ба пуррагӣ пардохт намудааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати сохтмонии "Крокус Групп"-и Русия музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар соли гузашта зиёда аз 100 млн рублро ташкил медод, ахиран ба пуррагӣ баргардонида шуд, иттилоъ додааст Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар русия дар умури муҳоҷират.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи пардохт нашудани музди меҳнат зимни вохӯриҳои пайвастаи Намояндагӣ бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный" ноҳияи Красногорск вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Ширкати “Крокус Групп" дар хусуси қарздорӣ қайд кардааст, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд.
“Дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар корманд ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки зимни суҳбатҳои гузаронидашуда бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур кор мекунанд, маълум гашт, ки будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад ва дар давоми 5 – 6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ба миён омадааст.
Қайд карда шудааст, ки айни замон, масъалаи пардохти музди маоши кормандон барои моҳҳои январ ва феврали соли 2023 зери назорати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.