https://sputnik.tj/20230210/rusiya-tojikiston-muhojirat-sozishnoma-imzo-1054831560.html
Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд
Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия ният дорад то охири сол бо се кишвари Осиёи Марказӣ чанд созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонад
2023-02-10T15:55+0500
2023-02-10T15:55+0500
2023-02-10T15:55+0500
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
созишнома
муҳоҷири тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032222403_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_63d38bdcdb0df51ee9107e12b7711510.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим дорад дар соли 2023 бо мақомоти Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар умури муҳоҷиратро имзо намояд, гуфт директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник.Ба иттилои вай ҳамчунин созишномаҳо бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имзо хоҳанд шуд.Стерник ёдовар шуд, ки корҳо барои ифтитоҳи марказҳои омӯзишии пеш аз муҳоҷират дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ идома доранд.Ин гирифтани изи ангушт, аксбардорӣ, сабти ном ва ғайраро дар бар мегирад.Илова бар ин, ба гуфтаи дипломат, дар мавриди ҷалби муташаккил муҳоҷирон барои корфармоёни рус ва додани шаҳодатномаҳои зарурии тиббӣ машваратҳо пешбинӣ шудааст."Хулоса, мо якҷо ба танзими ҷараёни муҳоҷирати машғулем, ки ба манфиати ҳамма аст", - таъкид кард директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.Вай изҳори умедворӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ имкони имзои созишномаҳои дахлдори байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон имконпазир хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20230125/taghyirot-qonunguzori-muhojirat-rusiya-navgoni-1054460871.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/06/1032222403_121:0:2852:2048_1920x0_80_0_0_302a24fe953dfc7143e938cc6271e557.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, созишнома, муҳоҷират, имзо, муҳоҷирати меҳнатӣ, осиёи марказӣ, русия
тоҷикистон, созишнома, муҳоҷират, имзо, муҳоҷирати меҳнатӣ, осиёи марказӣ, русия
Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд
Мақомоти Русия ният дорад то охири сол бо се кишвари Осиёи Марказӣ чанд созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим дорад дар соли 2023 бо мақомоти Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар умури муҳоҷиратро имзо намояд, гуфт директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник.
Ба иттилои вай ҳамчунин созишномаҳо бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имзо хоҳанд шуд.
Стерник ёдовар шуд, ки корҳо барои ифтитоҳи марказҳои омӯзишии пеш аз муҳоҷират дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ идома доранд.
"Тибқи қонунгузории мо, онҳо ба нафароне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, як қатор хидматрасониҳоро пешниҳод хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Ин гирифтани изи ангушт, аксбардорӣ, сабти ном ва ғайраро дар бар мегирад.
Илова бар ин, ба гуфтаи дипломат, дар мавриди ҷалби муташаккил муҳоҷирон барои корфармоёни рус ва додани шаҳодатномаҳои зарурии тиббӣ машваратҳо пешбинӣ шудааст.
"Хулоса, мо якҷо ба танзими ҷараёни муҳоҷирати машғулем, ки ба манфиати ҳамма аст", - таъкид кард директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ имкони имзои созишномаҳои дахлдори байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон имконпазир хоҳад шуд.