Санаи баргузории "Ҷашни лола" дар вилояти Суғд маълум шуд

© PixabayТюльпаны
Тюльпаны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Обуна шудан
Соли панҷум аст, ки ҳакамони босалоҳияти озмун дар ҳар як шаш номинатсия се ғолибро, аз ҷумла беҳтарин боғҳо, майдонҳо, гулпарваронро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ҷашнвораи лола баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Қарори дахлдорро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст.
Аммо худи сафарҳои минтақавӣ дар сатҳи шаҳру вилоятҳо дар давоми як моҳи ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.
Озмун дар охири моҳи март баргузор мешавад ва даври минтақавӣ дар моҳи апрел дар назар аст.
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Дар Хатлон ҷашнвораи "Сайри гули лола" баргузор мешавад
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҳарсолаи тоҷикӣ аз соли 2019 якбора дар чанд бахш баргузор мешавад.
Имсол дар шаш бахш буда, дар ҳар кадоми он 3 нафар ғолибон муайян карда мешаванд.
Ҳайати ҳакамон беҳтарин боғҳо, майдонҳо, гулдастаҳо, ороишоти гулҳо, ороиши беҳтарини гулҳо, ороиши муосири гулзорҳо ва беҳтарин гулпарвари вилоятро муайян мекунад.
"Барои ғолибон ҳамчун ҷоиза аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода мешавад", - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Лентаи хабарҳо
0