Дар Хатлон ҷашнвораи "Сайри гули лола" баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЦветы в городе Душанбе
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Ҷашнвора-озмуни анъанавӣ ҳамасола бо ибтикори мақомоти вилояти Хатлон доир гардида, дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Ҷашнвора-озмуни "Сайри гули лола" баргузор мешавад.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.
Мақомоти вилояти Хатлон аллакай ситоди вилоятӣ оид ба ташкил ва баргузории ҷашнвора таъсис додааст.
Ҳамин тариқ, даври аввали озмун то 10 март дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баргузор мешавад.
Дар доираи чорабинӣ гулу буттаҳо, аз ҷумла гулҳои лола шинонда мешаванд. Дар гармхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ниҳолҳо шинонда мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол шакли баргузории фестивал-озмун аз солҳои қаблӣ комилан фарқ мекунад.
Аз гулу ширинӣ то хидмат ба волидон: Таҷлили Рӯзи модар дар вилояти Суғд - видео
Агар солхои гузашта танхо лола шинонида мешуд, пас имсол дар ҳамаи кучаю хиёбонҳо, дар майдонҳои истироҳат, ҳавлию объектҳои таъиноти гуногун коркунони ташкилоту муассисаҳо гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ мешинонанд.
Қаблан мақомоти шаҳри Хуҷанд фурӯши суннатии солонаи ниҳолро баргузор карда буданд.
Он ҳамасола бо мақсади рушди боғдорӣ ва токпарварӣ, кабудизоркунии ҳудуди шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0