https://sputnik.tj/20230220/khatlon-sadamaho-naqliyoti-kushta-1055057643.html
Дар Хатлон дар як моҳ дар садамаҳои нақлиётӣ 21 нафар кушта шудааст
Дар Хатлон дар як моҳ дар садамаҳои нақлиётӣ 21 нафар кушта шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар моҳи январи соли равон аз садамаҳои нақлиётӣ 21 кас ҷон доданд
2023-02-20T14:07+0500
2023-02-20T14:07+0500
2023-02-20T14:07+0500
дар тоҷикистон
бда
садама
нақлиётӣ
садамаи нақлиётӣ
хатлон
ҷон додан
кушта шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_eface6e32dd983adf42fa98ee91afdcd.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бар асари 24 садамаи нақлиётӣ дар моҳи январи соли равон 21 кас ҷон дода, 30 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон.Ба гуфтаи оқои Давлатов, аз ҳодисаҳои рухдода 10 ҳолати он бо иштироки пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир хабар дода буд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 (2021 — 24 118) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 1637 ҳолат кам мебошад.Зикр карда шуд, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 612 ҷиноят ошкор карда шуда, кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 фоизро ташкил медиҳад.Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 58 (2021-41), роҳзанӣ – 37 (2021-29), ғоратгарӣ – 130 (2021-128), таҷовуз ба номус – 23 (2021-25), савдои одамон -24 (2021-10), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 131 (2021-133), авбошӣ – 1103 (2021-1053), қаллобӣ – 1856 (2021-2250), дуздӣ – 4868 (2021-6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ -250 (2021-332) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20230209/afzoish-khudkushi-jinoyat-nobolighon-sughd-1054800081.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2fc6581e242f6a336ba3a5fc7fc232eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, садама, нақлиётӣ, кушта, ҷон бохтан, бда
тоҷикистон, хатлон, садама, нақлиётӣ, кушта, ҷон бохтан, бда
Дар Хатлон дар як моҳ дар садамаҳои нақлиётӣ 21 нафар кушта шудааст
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар моҳи январи соли равон аз садамаҳои нақлиётӣ 21 кас ҷон доданд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бар асари 24 садамаи нақлиётӣ дар моҳи январи соли равон 21 кас ҷон дода, 30 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, аз ҳодисаҳои рухдода 10 ҳолати он бо иштироки пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.
“Барои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят шуруъ аз рӯзи 10-уми феврали то 20 феврал, дар ҳудуди вилоят амалиёти “Пиёдагард” гузаронида шуд”, - илова кард номбурда.
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир хабар дода буд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 (2021 — 24 118) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 1637 ҳолат кам мебошад.
Зикр карда шуд, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 612 ҷиноят ошкор карда шуда, кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 58 (2021-41), роҳзанӣ – 37 (2021-29), ғоратгарӣ – 130 (2021-128), таҷовуз ба номус – 23 (2021-25), савдои одамон -24 (2021-10), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 131 (2021-133), авбошӣ – 1103 (2021-1053), қаллобӣ – 1856 (2021-2250), дуздӣ – 4868 (2021-6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ -250 (2021-332) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.