https://sputnik.tj/20230310/emomali-rahmon-si-jinpinro-tabrik-kard-1055414180.html
Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Чинро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик кард
2023-03-10T13:53+0500
2023-03-10T13:53+0500
2023-03-10T13:53+0500
дар тоҷикистон
чин
раисҷумҳур
эмомалӣ раҳмон
си тсзинпин
барқияи шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_0:163:2693:1678_1920x0_80_0_0_baac551228c86e18e734b173f80fc8c4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Кишвардори Тоҷикистон раҳбари Чинро дар барқияи шодбошиаш самимона табрик карда, қайд кардааст, ки интихоб гардидани ӯ ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Си Ҷинпин дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии ӯ дар кишвар мебошад.“Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин — ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Кишвардори Тоҷикистон аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Чин бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯби мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода робитаҳои ҳамкории ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳанд кард.Дар поёни барқия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чиниаш сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми Чин сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзу кардааст.
https://sputnik.tj/20230310/si-jinpin-maqom-rahbari-chin-intikhob-1055409210.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_120:0:2573:1840_1920x0_80_0_0_5f7de9dbf5944d9f67c18177a258ebb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, табрик, интихоб, раҳбар, раисҷумҳур
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, табрик, интихоб, раҳбар, раисҷумҳур
Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Чинро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик кард
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон раҳбари Чинро дар барқияи шодбошиаш самимона табрик карда, қайд кардааст, ки интихоб гардидани ӯ ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Си Ҷинпин дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии ӯ дар кишвар мебошад.
“Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин — ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишвари Шумо мебошад ва идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатии ду кишварро омили калидии пешбурди муваффақонаи ин раванд медонад”,- афзудааст раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Чин бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯби мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода робитаҳои ҳамкории ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳанд кард.
Дар поёни барқия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чиниаш сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми Чин сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзу кардааст.