https://sputnik.tj/20230309/vmkb-zaminjunb-shadid-larzond-1055387300.html
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ ларзонд
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ ларзонд
Sputnik Тоҷикистон
Зилзиласанҷон мегӯянд, заминларзаи навбатӣ низ дар минтақаи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод
2023-03-09T09:50+0500
2023-03-09T09:50+0500
2023-03-09T10:17+0500
дар тоҷикистон
вмкб
заминҷунбӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон зилзилашиносон заминларзаи навро дар ВМКБ сабт карданд.Дар ин бора мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод. Заминларза соати 06:36 ба вақти маҳаллӣ сар задааст. Шиддати ҷунбиши замин 4,8 балл дар умқи 100 километр сар зад.Зикр гардид, ки заминҷунбӣ дар минтақаи Мурғоб, наздикии кӯли Сарез ба вуқӯъ пайваст.Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ хабар надодааст.Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад. Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.Руслан Габдуллин, номзади илмҳои геологӣ ва минералогии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гуфт, заминларзаи моҳи феврал дар Тоҷикистон ба заминларзаҳои Туркия ва Сурия иртибот дорад.
https://sputnik.tj/20230304/khf-zaminjunb-vmkb-sarez-rukh-dod-1055311761.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб заминҷунбӣ
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ ларзонд
09:50 09.03.2023 (Навсозишуда: 10:17 09.03.2023) Зилзиласанҷон мегӯянд, заминларзаи навбатӣ низ дар минтақаи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон зилзилашиносон заминларзаи навро дар ВМКБ сабт карданд.
Дар ин бора мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод.
Заминларза соати 06:36 ба вақти маҳаллӣ сар задааст. Шиддати ҷунбиши замин 4,8 балл дар умқи 100 километр сар зад.
Зикр гардид, ки заминҷунбӣ дар минтақаи Мурғоб, наздикии кӯли Сарез ба вуқӯъ пайваст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ хабар надодааст.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад. Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.
Руслан Габдуллин, номзади илмҳои геологӣ ва минералогии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гуфт, заминларзаи моҳи феврал дар Тоҷикистон ба заминларзаҳои Туркия ва Сурия иртибот дорад.