https://sputnik.tj/20230309/rahmon-etimodnoma-safiron-dah-kishvar-qabul-kard-1055391140.html
Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ кишварро қабул кард
Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ кишварро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафирони даҳ давлат дар баробари супоридани эътимоднома ҳамчунин паёми роҳбарони кишварҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон расониданд
2023-03-09T12:21+0500
2023-03-09T12:21+0500
2023-03-09T15:53+0500
дар тоҷикистон
эмомали раҳмон
сиёсат
эътимоднома
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721832_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_a512be686b3b545ee9e2eef2f6d2e54e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулода эътимоднома қабул кард.Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода изҳор дошт, ки мулоқоти президент бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чилӣ, Уганда, Зеландияи Нав ва Амрикоро қабул намуд.Сафирон дар баробари супурдани эътимоднома ҳамчунин паёму дуруди роҳбарони давлатҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон расонданд.Дар идома роҳбари давлат аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳамаи ин даҳ кишвар зикр намуда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.Дар поёни мулоқот бо сафирони хориҷӣ, президент ба онҳо комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид кард.
https://sputnik.tj/20220302/tayini-safiri-nav-tojikiston-rahmon-etimodnoma-1046421869.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721832_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_442ae29c77ed607ce0bb8088dd2bf09a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон сафир эътимоднома
эмомалӣ раҳмон сафир эътимоднома
Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ кишварро қабул кард
12:21 09.03.2023 (Навсозишуда: 15:53 09.03.2023) Сафирон дар баробари супоридани эътимоднома ҳамчунин паёми роҳбарони давлатҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон расониданд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулода эътимоднома қабул кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода изҳор дошт, ки мулоқоти президент бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чилӣ, Уганда, Зеландияи Нав ва Амрикоро қабул намуд.
Сафирон дар баробари супурдани эътимоднома ҳамчунин паёму дуруди роҳбарони давлатҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон расонданд.
"Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардидан ба ин маснад табрик гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид", - омадааст дар хабар.
Дар идома роҳбари давлат аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳамаи ин даҳ кишвар зикр намуда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар поёни мулоқот бо сафирони хориҷӣ, президент ба онҳо комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид кард.