Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба маҷлиси навбатӣ даъват шуданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПредседатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Председатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе санаи 17 - уми март Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш вакилонро ба Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум даъват кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохтори партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ, иҷрои "Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027" ворид карда шуд.
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Оғози мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон
Ҳамзамон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии рақами 21 ва ҳамзамон таъйин намудани интихобот дар ин ҳавза баррасӣ гардид.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
зикр гаридд, ки вакилони шаҳри Душанбе бояд бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0