https://sputnik.tj/20221230/muloqot-vakilon-intikhobkunandagon-tojikiston-1053941410.html
Оғози мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон
Оғози мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумони Тоҷикистон давоми даҳ рӯз ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд
2022-12-30T22:00+0500
2022-12-30T22:00+0500
2022-12-30T22:00+0500
дар тоҷикистон
парлумон
вакилон
мулоқот
интихобкунанда
маҷлиси олӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/01/1014450191_0:33:1600:933_1920x0_80_0_0_7f9011852e2f6e4a9e7a51593436e0f9.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо интихобкунандагон худ дидор мекунанд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.Ба иттилои вай мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз гардид.“Тайи 10 рӯз, яъне аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд”, - қайд кард Муҳаммадато Султонов.Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон илова кард, ки вакилон ба интихобкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар маълумоти мукаммал хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20220613/khatlon-sarfakor-khona-megardand-1049147905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/01/1014450191_158:0:1443:964_1920x0_80_0_0_cd0f11e41f7f8851aa0f780ed3bfa848.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вакилон, парлумон, дидор, интихобкунандагон, шаҳр, навоҳӣ,сафар
тоҷикистон, вакилон, парлумон, дидор, интихобкунандагон, шаҳр, навоҳӣ,сафар
Оғози мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон
Вакилони парлумони Тоҷикистон давоми даҳ рӯз ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо интихобкунандагон худ дидор мекунанд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Ба иттилои вай мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз гардид.
“Тайи 10 рӯз, яъне аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд”, - қайд кард Муҳаммадато Султонов.
Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон илова кард, ки вакилон ба интихобкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар маълумоти мукаммал хоҳанд дод.