Дар рӯзи иди Модарон лимити барқ лавғ шуд

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Шабонарӯзӣ охир ссокинони бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба қувваи барқ дастрасии доими пайдо кардаанд. Сокинон ҳайронанд ин иқдоми муваққатӣ аст ё доимӣ
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Ба хотири Рӯзи Модар дар вилояти Суғд лимити барқ лағв шуд.
Чанде аз сокинони шаҳру ноҳияҳо зимни сӯҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тайид карда гуфтанд, ки шуруъ аз дирӯз дар манзили истиқоматиашон таъминоти қувваи барқ доимӣ гаштааст.
Сӯҳроб як сокини деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич мегӯяд наздики як моҳ буд, ки лимити барқ давом дошт ва дар як шабонарӯз ду вақт рӯзона аз соати 8 то 17 ва шабона аз 21 то 5 – и субҳ қувваи барқ қатъ мешуд.

“Аз чӣ сабаб бошад, ки дирӯз ба ин тараф барқ хомӯш намешавад. Шояд дар Рӯзи Модарон барои хушнудии занҳо бошад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқӣ” дар шаҳри Истаравшан ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, ки бахшида ба рӯзи иди модарон лимити бақр лағв карда шудааст.
Председатель энергохолдинга Барки точик  Мухаммадумар Асозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
“Дар рӯзи иди бонувон лимити барқ дар ҳамаи шаҳру ношияҳо пурра лағв карда шудааст. Вале маълум нест, ки барои рӯзҳои дигар таъмини барқӣ доими ба мардум дастрас гардад” – гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози фасли тирамоҳи соли гузашта мардум аз ҷори шудани лимити барқ шикоят доштанд вале мақомот инро рад мекард.
Ахиран моҳи январи имсол ширкати "Барқи тоҷик" дар сомонаи худ иттилоияе нашр кард, ки он ҷори шудани лимитӣ барқ дар ҷумҳуриро ба таври расми тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0