https://sputnik.tj/20230308/faoliyati-nazdik-zan-sohibkor-tojikiston-1055378741.html
Фаъолияти наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор дар Тоҷикистон
Фаъолияти наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Тоҷикистон мегӯяд дар кишвар наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор дар рушди иқтисод саҳми назаррас мегузоранд
2023-03-08T14:55+0500
2023-03-08T14:55+0500
2023-03-08T14:55+0500
дар тоҷикистон
занон
бонувон
соҳибкор
кумитаи сармоягузорӣ
фаъолият
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103000/52/1030005200_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_3e7aaadabbe3dc7df4f77d9a474d46ae.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакат ва роҳбарии 10 фоизи корхонаҳои хурду миёнаро занон ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Манзура Барзудиева.Ба гуфтаи вай дар кишвар барои занони соҳибкор дар кишвар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ ва имконияти баробар фароҳам оварда шудааст.Манзура Барзудиева таъкид кардааст, ки аз 340 ҳазор субъектҳои соҳибкории дар миқёси ҷумҳурӣ фаъолиятдошта беш аз 79 ҳазор ё 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакатро зан ташкил медиҳад.Қайд карда шудааст, ки барои пешрафти фаъолияти занони соҳибкор аз соли 2006 инҷониб аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи мамлакат грантҳои президентӣ дода мешаванд, ки ин раванд бозгӯи дастгириҳои давлат дар самти дастгирии занону духтарони соҳибкори мамлакат мебошад.Ба гуфтаи Манзура Барзудиева то имрӯз аз ҷониби Корхонаи Воҳидии Давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар маҷмуъ ба 53 шаҳру ноҳияи мамлакат зиёда аз 445,5 миллион сомонӣ маблағҳои имтиёзноки қарзӣ ҷудо гардидаанд, ки аз он лоиҳаи занони соҳибкор ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст.“Он асосан соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, истеҳсоли лампаҳои каммасраф, истеҳсоли маводи дорувории тиббиро дар бар мегирад”, - гуфт сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20230307/danghara-zan-rohbar-1055375527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103000/52/1030005200_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_a7bd52dc1471bf0c5d661af4cc5fe834.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зан, бонувон, соҳибкор, кумитаи сармоягуорӣ, иқтисод,фаъолият
тоҷикистон, зан, бонувон, соҳибкор, кумитаи сармоягуорӣ, иқтисод,фаъолият
Фаъолияти наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор дар Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Тоҷикистон мегӯяд дар кишвар наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор дар рушди иқтисод саҳми назаррас мегузоранд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакат ва роҳбарии 10 фоизи корхонаҳои хурду миёнаро занон ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Манзура Барзудиева.
Ба гуфтаи вай дар кишвар барои занони соҳибкор дар кишвар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ ва имконияти баробар фароҳам оварда шудааст.
Манзура Барзудиева таъкид кардааст, ки аз 340 ҳазор субъектҳои соҳибкории дар миқёси ҷумҳурӣ фаъолиятдошта беш аз 79 ҳазор ё 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакатро зан ташкил медиҳад.
“Имрӯз занони соҳибкори тоҷик дар соҳаҳои саноати сабук, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ, боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, сохтмон, логистика ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат фаъолияти густурда дошта, муваффақ гардидаанд”, қайд кардааст мақомдори тоҷик.
Қайд карда шудааст, ки барои пешрафти фаъолияти занони соҳибкор аз соли 2006 инҷониб аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи мамлакат грантҳои президентӣ дода мешаванд, ки ин раванд бозгӯи дастгириҳои давлат дар самти дастгирии занону духтарони соҳибкори мамлакат мебошад.
Ба гуфтаи Манзура Барзудиева то имрӯз аз ҷониби Корхонаи Воҳидии Давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар маҷмуъ ба 53 шаҳру ноҳияи мамлакат зиёда аз 445,5 миллион сомонӣ маблағҳои имтиёзноки қарзӣ ҷудо гардидаанд, ки аз он лоиҳаи занони соҳибкор ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст.
“Он асосан соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, истеҳсоли лампаҳои каммасраф, истеҳсоли маводи дорувории тиббиро дар бар мегирад”, - гуфт сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.