https://sputnik.tj/20230307/tojikiston-chand-biznes-ledi-1055357446.html
Тоҷикистон чанд "бизнес-леди" дорад?
Тоҷикистон чанд "бизнес-леди" дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди заноне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд дар Тоҷикистон майли афзоиш дошта, шумораи бонувоне, ки феълан дар ин бахш фаъолият доранд, 80 ҳазор арзёбӣ мешавад
2023-03-07T13:33+0500
2023-03-07T13:33+0500
2023-03-07T13:33+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
соҳибкор
сармоя
кор
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/15/1032125823_0:33:1920:1113_1920x0_80_0_0_9da8704b526ef04c7384b7f6ecca9b20.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Аз 80 ҳазор занону духтарони машғул ба соҳибкорӣ дар Тоҷикистон 38 ҳазор нафарашон роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба маълумоти омории мақомоти Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин миёни занони машғул ба соҳибкорӣ дар Тоҷикистон қариб 4 ҳазор нафарашон роҳбари корхона мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон талош дорад, теъдоди занони соҳибкорро бештар кунад ва бо ин ҳадаф гранту қарзҳои махсуси имтиёздор ташкил карда шудаанд. Дар баробари ин мақомоти тоҷик талош доранд, шумораи занонро дар хизмати давлатӣ низ афзоиш диҳанд. Бар асоси омори расмӣ ҳоло 25%-и хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20%-и кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд. Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.Таъкид мешавад, ки занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230307/hifz-farhangu-libos-rahmon-intizori-bonuvon-tojik-1055352743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/15/1032125823_78:0:1786:1281_1920x0_80_0_0_d275c93d7592710067a92a5c79fa5fc5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чанд, зан, тоҷикистонӣ, соҳибкорӣ, фаъол
чанд, зан, тоҷикистонӣ, соҳибкорӣ, фаъол
Тоҷикистон чанд "бизнес-леди" дорад?
Теъдоди заноне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд дар Тоҷикистон майли афзоиш дошта, шумораи бонувоне, ки феълан дар ин бахш фаъолият доранд, 80 ҳазор арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Аз 80 ҳазор занону духтарони машғул ба соҳибкорӣ дар Тоҷикистон 38 ҳазор нафарашон роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба маълумоти омории мақомоти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин миёни занони машғул ба соҳибкорӣ дар Тоҷикистон қариб 4 ҳазор нафарашон роҳбари корхона мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон талош дорад, теъдоди занони соҳибкорро бештар кунад ва бо ин ҳадаф гранту қарзҳои махсуси имтиёздор ташкил карда шудаанд.
Дар баробари ин мақомоти тоҷик талош доранд, шумораи занонро дар хизмати давлатӣ низ афзоиш диҳанд.
Бар асоси омори расмӣ ҳоло 25%-и хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20%-и кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.
Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Таъкид мешавад, ки занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.