https://sputnik.tj/20230307/hifz-farhangu-libos-rahmon-intizori-bonuvon-tojik-1055352743.html
Аз либос то дастархону фарзанд: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, модари тоҷик бояд чӣ гуна бошад
Аз либос то дастархону фарзанд: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, модари тоҷик бояд чӣ гуна бошад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи модар ба бонувони кишвар пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодатро орзу намуд
2023-03-07T10:20+0500
2023-03-07T10:20+0500
2023-03-07T10:20+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
эмомалӣ раҳмон
иҷтимоъ
рӯзи занон
рӯзи модар
паём
шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/27/1021822755_0:0:4567:2569_1920x0_80_0_0_800ae8c3f3435dfbfe755c65d3701009.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Занону бонувони Тоҷикистон бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти ҷумҳурӣ саҳми басо арзишманд доранд.Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи модар, ки 8 март таҷлил мешавад, баён дошт. Ӯ гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.Президент таъкид дошт, ки дин, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургон ва табиати ҳуқуқии давлат дар Тоҷикистон вазифагузорӣ мекунад, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо сурат гиранд. "Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем", - гуфт раисҷумҳур.Президент инчунин интизориҳояшро аз бонувони кишвар баён дошта, таъкид намуд, ки занону бонувони тоҷик барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.Аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад, гуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон бо зикри душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ, модарону бонувонро даъват кард, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибор диҳанд. "Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард", - гуфт президент.Вай дар ниҳоят таъкид намуд, ки мо вазифадорем модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, кӯшиш кунем, ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.
https://sputnik.tj/20230306/gul-shirini-tajlili-ruzi-modar-viloyati-sugd-video-1055348037.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/27/1021822755_190:0:4243:3040_1920x0_80_0_0_9f2a0db2a72295265512fd5b24c2379f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, интизорӣ, суҳбат, президент, паём, шодбошӣ
эмомалӣ раҳмон, интизорӣ, суҳбат, президент, паём, шодбошӣ
Аз либос то дастархону фарзанд: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, модари тоҷик бояд чӣ гуна бошад
Президенти Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи модар ба бонувони кишвар пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодатро орзу намуд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Занону бонувони Тоҷикистон бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти ҷумҳурӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи модар, ки 8 март таҷлил мешавад, баён дошт.
Ӯ гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.
"Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Президент таъкид дошт, ки дин, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургон ва табиати ҳуқуқии давлат дар Тоҷикистон вазифагузорӣ мекунад, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо сурат гиранд.
"Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем", - гуфт раисҷумҳур.
Президент инчунин интизориҳояшро аз бонувони кишвар баён дошта, таъкид намуд, ки занону бонувони тоҷик барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.
Аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад, гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ, модарону бонувонро даъват кард, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибор диҳанд.
"Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард", - гуфт президент.
Вай дар ниҳоят таъкид намуд, ки мо вазифадорем модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, кӯшиш кунем, ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.