Таркиш дар қаҳвахонаи Душанбе: шарҳи мақомот

© Акс аз сомонаи РВУД ДушанбеМакони таркиши зарфи газ дар як қаҳвахона дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе
Макони таркиши зарфи газ дар як қаҳвахона дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба таҳқиқи таркиш дар яке аз қаҳвахонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон оғоз карда, бархе маълумотро ироа кардааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Садои таркишмонанде, ки субҳи барвақти 7 март дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе шунида шудааст, таркиши зарфи газ будааст.
Ба иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, тақрибан соати 06:30 дар қаҳвахонаи "Шелби", воқеъ дар нишонаи кучаи Борбад таркиши балони газ ба вуқуъ пайваст.
"Дар натиҷа қисмати шишагии қаҳвахона осеб дида, зарари ҷисмонӣ ба ягон нафар нарасидааст", - омадааст дар иттилоия.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки феълан санҷиши пурраи ӽодисаи мазкур идома дорад.
Дар аксе, ки аз ҷои ҳодиса нашр гардидааст, шишапораҳо бар асари таркиш то ба роҳи мошингард пароканда шудаанд.
Ин аллакай дуюмин ҳолати нохушӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе тайи рӯзҳои охир мебошад.
Аз ҷумла ахиран дар "калян-бар" воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаи маъруф ба "МЖК" сӯхтор сар зад. Оташсӯзӣ нисфирӯзи 4 март шурӯъ шуд.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст
Як сокини ин маҳалла, ки шоҳиди бевоситаи сӯхтор гардид, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки сӯхтор дар "калян-бар", кидар бари тарабхонаи "Набережная" воқеъ аст, сар зад.
Алангаи сӯхтор аз ошёнаи якум ду хонаи дигари дар ошёнаҳои дуюму сеюмро низ фаро гирифта буд.
Сӯхторро аввал мошине, ки заминҳои канори роҳро об мезанад, ба хомӯш кардан шурӯъ карда, сипас се мошини оташнишонӣ омада, дар муддати ним соат алангаи оташро хомӯш карданд, гуфт шоҳиди ҳодиса.
Лентаи хабарҳо
0