https://sputnik.tj/20230307/somon-eyr-dushanbe-khujand-jidda-1055366689.html
"Сомон Эйр" аз Душанбею Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунад
"Сомон Эйр" аз Душанбею Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ ҳафтае ду маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд ҳафтае як бор ба нақша гирифта, ҳудуди 5 соат тӯл хоҳад дошт
2023-03-07T17:30+0500
2023-03-07T17:30+0500
2023-03-07T17:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
хуҷанд
душанбе
сомон эйр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051239073_0:107:1024:683_1920x0_80_0_0_63a9767c0c61ac8dbca3f1ff08c098cc.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, аз 9 март парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом мешаванд. "Вақти парвоз рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе - соати 14:30, аз Ҷидда - 19:30, рӯзи якшанбе аз Душанбе - 22:30, аз Ҷидда - 04:00 аллакай субҳи душанбе ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст", - омадааст дар иттилоия. Тавзеҳ дода шудааст, ки рӯзи сешанбе ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд - соати 21:00 ва бозгашта соати 02:00 шаби чоршанбе мушаххас шудааст. Дар мавриди он, ки парвоз чӣ қадар тӯл хоҳад кашид, тавзеҳ дода шудааст, ки вақти парвоз аз Тоҷикистон 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқа хоҳад буд. "Сомон Эйр" мегӯяд, ҳамаи парвозҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳоли ҳозир ягона ширкати фаъоли ватанӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки дар масирҳои байналмилалию дохилӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Аз ҷумла ҳавопаймои ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳанд. Парки ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230228/mahdudiyat-ba-parvozi-somon-eyr-tasir-nakard-furudgohi-pulkovo-i-boz-shud-1055216587.html
хуҷанд
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051239073_0:0:912:683_1920x0_80_0_0_fe2c008455cb1b53091ce2b839463dc2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, парвоз, мустақим, пайваст
тоҷикистон, арабистони саудӣ, парвоз, мустақим, пайваст
"Сомон Эйр" аз Душанбею Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунад
Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ ҳафтае ду маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд ҳафтае як бор ба нақша гирифта, ҳудуди 5 соат тӯл хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз 9 март парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом мешаванд.
"Вақти парвоз рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе - соати 14:30, аз Ҷидда - 19:30, рӯзи якшанбе аз Душанбе - 22:30, аз Ҷидда - 04:00 аллакай субҳи душанбе ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки рӯзи сешанбе ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд - соати 21:00 ва бозгашта соати 02:00 шаби чоршанбе мушаххас шудааст.
Дар мавриди он, ки парвоз чӣ қадар тӯл хоҳад кашид, тавзеҳ дода шудааст, ки вақти парвоз аз Тоҷикистон 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқа хоҳад буд.
"Сомон Эйр" мегӯяд, ҳамаи парвозҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳоли ҳозир ягона ширкати фаъоли ватанӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки дар масирҳои байналмилалию дохилӣ парвозҳо анҷом медиҳад.
Аз ҷумла ҳавопаймои ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳанд. Парки ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.