https://sputnik.tj/20230228/mahdudiyat-ba-parvozi-somon-eyr-tasir-nakard-furudgohi-pulkovo-i-boz-shud-1055216587.html
Маҳдудият ба парвози “Сомон эйр” таъсир накард: Фурудгоҳи “Пулково” боз шуд
Маҳдудият ба парвози “Сомон эйр” таъсир накард: Фурудгоҳи “Пулково” боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудиятҳо дар фазои шаҳри Санкт-Петербург лағв шуд карда шуд, ва фурудгоҳи ин шаҳр дубора ба қабулу парвозҳои ҳавопаймо оғоз кард
2023-02-28T14:45+0500
2023-02-28T14:45+0500
2023-02-28T14:53+0500
дар тоҷикистон
санкт-петербург
"сомон эйр"
маҳдудият
лағв
парвоз
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045097144_0:26:2901:1658_1920x0_80_0_0_05cf4d890517c9dfb6d338858c7cd211.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Пас аз баста шудани фазои шаҳри Санкт-Петербург барои як муддате, фурудгоҳ дубора ба қабулу парвозҳо ҳавопаймоҳои дохиливу хориҷӣ боз шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Қаблан дар фазои вилояти Ленинрад парвози ҳавопаймои номаълум сабт шуд, мақомот фавран амалиёти “Ковер”-ро роҳандозӣ намуданд ва фазои вилоятро комилан бастанд. Ба ҳаво ҷангандаҳо Су-35 ва МиГ-31 парвоз карданд.Ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи лағви манъи фуруд ва парвоз аз Пулково маълумот гирифтанд.Аммо чанде пеш хабар расид, ки фазо пок аст ва маҳдудиятҳо дар парвозҳо лағв шуданд. Фурудгоҳ дубора ба кори худ оғоз кард.Дар ҳамин ҳол, баста шудани фурудгоҳи "Пулково"-и Санкт Петербург ба парвозҳои самти Тоҷикистон - Русия таъсир нарасондааст."Парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр", ки соати 14:00 бо вақти Душанбе дар нақша буд, бидуни таъхир ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард" , - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ширкати "Сомон Эйр" ва фурудгоҳи Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург муваққатан қабул ва парвози ҳавопаймоҳоро манъ карда буд.Бархе аз парвозҳо аз ин фурудгоҳ то 12 соат ба таъхир афтоданд.
https://sputnik.tj/20230228/maqomot-tojikiston-parvoz-samt-khorugh-1055212617.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045097144_0:0:2211:1658_1920x0_80_0_0_2e1ca57e7588bf103b8ba40c49322356.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, пулково, ҳавопаймо, фазо, маҳдудият, лағв, парвоз, санкт-петербург
тоҷикистон, русия, пулково, ҳавопаймо, фазо, маҳдудият, лағв, парвоз, санкт-петербург
Маҳдудият ба парвози “Сомон эйр” таъсир накард: Фурудгоҳи “Пулково” боз шуд
14:45 28.02.2023 (Навсозишуда: 14:53 28.02.2023) Маҳдудиятҳо дар фазои шаҳри Санкт-Петербург лағв шуд карда шуд, ва фурудгоҳи ин шаҳр дубора ба қабулу парвозҳои ҳавопаймо оғоз кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Пас аз баста шудани фазои шаҳри Санкт-Петербург барои як муддате, фурудгоҳ дубора ба қабулу парвозҳо ҳавопаймоҳои дохиливу хориҷӣ боз шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Қаблан дар фазои вилояти Ленинрад парвози ҳавопаймои номаълум сабт шуд, мақомот фавран амалиёти “Ковер”-ро роҳандозӣ намуданд ва фазои вилоятро комилан бастанд. Ба ҳаво ҷангандаҳо Су-35 ва МиГ-31 парвоз карданд.
Ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи лағви манъи фуруд ва парвоз аз Пулково маълумот гирифтанд.
Аммо чанде пеш хабар расид, ки фазо пок аст ва маҳдудиятҳо дар парвозҳо лағв шуданд. Фурудгоҳ дубора ба кори худ оғоз кард.
Дар ҳамин ҳол, баста шудани фурудгоҳи "Пулково"-и Санкт Петербург ба парвозҳои самти Тоҷикистон - Русия таъсир нарасондааст.
"Парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр", ки соати 14:00 бо вақти Душанбе дар нақша буд, бидуни таъхир ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард" , - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ширкати "Сомон Эйр" ва фурудгоҳи Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург муваққатан қабул ва парвози ҳавопаймоҳоро манъ карда буд.
Бархе аз парвозҳо аз ин фурудгоҳ то 12 соат ба таъхир афтоданд.