https://sputnik.tj/20230307/shoygu-shumora-talafot-neru-ukraina-1055367798.html
Шойгу шумораи талафоти нерӯҳои Украинаро эълон кард
Шойгу шумораи талафоти нерӯҳои Украинаро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Украина дар муқоиса бо моҳи январ, ки беш аз 6500 сарбози худро аз даст дода буд, дар давоми моҳи феврал 40% бештар нерӯҳои худро талаф додааст
2023-03-07T16:25+0500
2023-03-07T16:25+0500
2023-03-07T16:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
украина
сергей шойгу
талафот
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054738211_0:0:2622:1475_1920x0_80_0_0_62ae77740150ad8153e4447e3202d8e4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи феврал аз 11 ҳазор нафар гузаштааст, гуфт вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар як нишасти телефонӣ бо раҳбарият. "Дар доираи стратегияи Амрико барои шикастани Русия бо зӯри силоҳ, кишварҳои ғарбӣ интиқоли аслиҳа ва таҷҳизоти низомиро ба Украина афзоиш дода, барномаҳои таълимии ҳайати артиши Украинаро тавсеа медиҳанд", - гуфт Шойгу. Вай таъкид намуд, ки бо вуҷуди пуштибонии НАТО аз режими Киев, онҳо натавонистанд ба муваффақияти сарбозони украинӣ дар майдони набард даст ёбанд. Ба гуфтаи вазири дифои Русия, баръакс, талафот дар миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст. Талафоти Украина дар муқоиса бо моҳи январ, ки Киев беш аз 6500 сарбози худро аз даст дод, беш аз 40%дарсад афзоиш ёфтааст, гуфт ӯ. "Тааҷҷубовар аст, ки режими Киев нисбат ба мардуми худ чунин бепарво аст, ки талафоти бузурги инсониро ба хотири кураторҳои ғарбӣ ба инобат намегирад.Дар навбати худ, барои мо авлавият нигоҳ доштани ҳаёт ва саломатии низомиҳо ва мулкиҳо мебошад", - гуфт Шойгу. Вазир тавзеҳ дод, ки артиши Русия ҷангро дар Артёмовск, як маркази муҳими дифои нерӯҳои украинӣ дар Донбасс идома медиҳад. Ӯ тафзуд, таҳти назорат гирифтани он имкон медиҳад, ки амалҳои ҳуҷумӣ дар умқи дифои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина анҷом дода шаванд.
https://sputnik.tj/20230307/tank-jang-amaliyot-video-1055357783.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054738211_0:0:2460:1845_1920x0_80_0_0_75162aa7561b93ac9ff9efcf51fda29c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, теъдод, талафот, украина, феврал
эълон, теъдод, талафот, украина, феврал
Шойгу шумораи талафоти нерӯҳои Украинаро эълон кард
Украина дар муқоиса бо моҳи январ, ки беш аз 6500 сарбози худро аз даст дода буд, дар давоми моҳи феврал 40% бештар нерӯҳои худро талаф додааст
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи феврал аз 11 ҳазор нафар гузаштааст, гуфт вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар як нишасти телефонӣ бо раҳбарият.
"Дар доираи стратегияи Амрико барои шикастани Русия бо зӯри силоҳ, кишварҳои ғарбӣ интиқоли аслиҳа ва таҷҳизоти низомиро ба Украина афзоиш дода, барномаҳои таълимии ҳайати артиши Украинаро тавсеа медиҳанд", - гуфт Шойгу.
Вай таъкид намуд, ки бо вуҷуди пуштибонии НАТО аз режими Киев, онҳо натавонистанд ба муваффақияти сарбозони украинӣ дар майдони набард даст ёбанд.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, баръакс, талафот дар миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст.
Талафоти Украина дар муқоиса бо моҳи январ, ки Киев беш аз 6500 сарбози худро аз даст дод, беш аз 40%дарсад афзоиш ёфтааст, гуфт ӯ.
"Тааҷҷубовар аст, ки режими Киев нисбат ба мардуми худ чунин бепарво аст, ки талафоти бузурги инсониро ба хотири кураторҳои ғарбӣ ба инобат намегирад.Дар навбати худ, барои мо авлавият нигоҳ доштани ҳаёт ва саломатии низомиҳо ва мулкиҳо мебошад", - гуфт Шойгу.
Вазир тавзеҳ дод, ки артиши Русия ҷангро дар Артёмовск, як маркази муҳими дифои нерӯҳои украинӣ дар Донбасс идома медиҳад.
Ӯ тафзуд, таҳти назорат гирифтани он имкон медиҳад, ки амалҳои ҳуҷумӣ дар умқи дифои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина анҷом дода шаванд.