https://sputnik.tj/20230307/tank-jang-amaliyot-video-1055357783.html
Кори ҷангии Т-90М дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
Кори ҷангии Т-90М дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия нишон дод, ки тонки асосии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи амалиёти вижа дар қаламрави Украина ба нерӯҳои рақиб зарба мезанад
2023-03-07T14:45+0500
2023-03-07T14:45+0500
2023-03-07T15:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
видео
амният ва мудофиа
донбасс
украина
танк
оташ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055357949_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7911653422358dd1bb235088a5b8bbb1.png
Тонкҳои русии Т-72БМ, Т-72Б3М ва Т-90М "Прорыв" чанд мавқеи воҳидҳои мусаллаҳи Украинаро тахриб карданд. Наворҳои кори ҷангии тонкҳоро Вазорати мудофиаи Русия нашр кардааст. Аз ҷумла, дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ тавр мошинҳои зиреҳпӯш ба мавқеъҳои пеши ҷабҳа ҳаракат мекунанд ва бо тӯпҳои 125 миллиметрӣ ба сӯи ҳариф оташ мекушоянд. Дар навор тарзи кори экипаж, ҳамоҳангӣ, таъминоти аслиҳа ва тирандозӣ намоиш дода шудаст. Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки тонкҳо истеҳкомҳои зиддитонкӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Украина нобуд карданд. Инчунин маълум шуд, ки ҳайати иктишофӣ, ки кори тонкҳоро тасҳеҳ мекард, мавриди гулӯлаборон қарор гирифтааст, аммо бо вуҷуди ин корашро идома додааст. Муҳосираи наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар АртёмовскГузашта аз ин, ӯ тавонист мавқеъгирии силоҳу воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки аз онҳо тирандозӣ сурат мегирифт, мушаххас кунаду ба танкчиён расонад. Дар натиҷа воҳиди душман комилан нобуд карда шуд, гуфтанд дар вазорати дифоъ.Тонки Т-90 дар айни замон танки асосии ҷангии артиши Русия аст, дар ҷаҳон серхаридор мебошад. Дар муқоиса бо наздиктарин рақиби худ - "Abrams"-и амрикоӣ тонкҳои русиягӣ серҳаракаттар буда, метавонанд бо мушакҳои идорашавандаи зиреҳшикан ба масофаи то 5 км оташ кушоянд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Работа танков Т-72 и новейших Т-90М "Прорыв" в зоне СВО
Sputnik Тоҷикистон
Работа танков Т-72 и новейших Т-90М "Прорыв" в зоне СВО
2023-03-07T14:45+0500
true
PT2M17S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055357949_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_a816fa40830ad3037eecaca917bd89cc.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоиш, кор, танкӣ, минтақа, амалиёт, русия, ҷанг
намоиш, кор, танкӣ, минтақа, амалиёт, русия, ҷанг
Кори ҷангии Т-90М дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
14:45 07.03.2023 (Навсозишуда: 15:16 07.03.2023) Вазорати дифои Русия нишон дод, ки тонки асосии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи амалиёти вижа дар қаламрави Украина ба нерӯҳои рақиб зарба мезанад
Тонкҳои русии Т-72БМ, Т-72Б3М ва Т-90М "Прорыв" чанд мавқеи воҳидҳои мусаллаҳи Украинаро тахриб карданд. Наворҳои кори ҷангии тонкҳоро Вазорати мудофиаи Русия нашр кардааст.
Аз ҷумла, дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ тавр мошинҳои зиреҳпӯш ба мавқеъҳои пеши ҷабҳа ҳаракат мекунанд ва бо тӯпҳои 125 миллиметрӣ ба сӯи ҳариф оташ мекушоянд.
Дар навор тарзи кори экипаж, ҳамоҳангӣ, таъминоти аслиҳа ва тирандозӣ намоиш дода шудаст.
"Барои пешрафти ҷузъу томҳои тирандози савора, ҳайати тонкҳои Т-90 ба хатти пеши дифоъи душман гузашта, зарбаи шадид заданд", — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати дифоъ.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки тонкҳо истеҳкомҳои зиддитонкӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Украина нобуд карданд.
Инчунин маълум шуд, ки ҳайати иктишофӣ, ки кори тонкҳоро тасҳеҳ мекард, мавриди гулӯлаборон қарор гирифтааст, аммо бо вуҷуди ин корашро идома додааст.
Гузашта аз ин, ӯ тавонист мавқеъгирии силоҳу воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки аз онҳо тирандозӣ сурат мегирифт, мушаххас кунаду ба танкчиён расонад. Дар натиҷа воҳиди душман комилан нобуд карда шуд, гуфтанд дар вазорати дифоъ.
Тонки Т-90 дар айни замон танки асосии ҷангии артиши Русия аст, дар ҷаҳон серхаридор мебошад. Дар муқоиса бо наздиктарин рақиби худ - "Abrams"-и амрикоӣ тонкҳои русиягӣ серҳаракаттар буда, метавонанд бо мушакҳои идорашавандаи зиреҳшикан ба масофаи то 5 км оташ кушоянд.