Аз гулу ширинӣ то хидмат ба волидон: Таҷлили Рӯзи модар дар вилояти Суғд - видео

Обуна шудан
Аксар сокинони вилояти Суғд мегӯянд, ки рӯзи 8-уми март ба модар ва хоҳарону ҳамсарони худ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим мекунанд
Сокинон дар кӯчаву бозор ва хиёбонҳои Хуҷанд аз фарорасии рӯзи 8 – март хуш истиқбол намуда гуфтанд, ки дар ин сана модарону хоҳарон ва ҳамсарони худро бе тӯҳфа намемонанд.
Бисёриҳо зимни суҳбат мегӯянд, ки ба модаронашон гул тӯҳфа мекунанд. Шуморе ҳам гуфтанд, ки тӯҳфаи онҳо барои занони хонавода ширинӣ (торт) хоҳад буд. Дар ин миён бархеи дигар таъкид намуданд, ки дар рӯзи ид ба модаронашон ангуштарии тилло тақдим карданиянд.
Додохон Ашӯров, аз сокинони Суғд зикр кард, ки беҳтарин тӯҳфа ба модару падар ба ҷо овардани хидмати онҳо дар муҳити хонаводагӣ аст.
“Албатта тақдими тӯҳфаҳо хушу хотирмонданд, вале ман фикр мекунам, ки беҳтарин тӯҳфаи фарзанд ба волидон ин бе миннат ба ҷо овардани хидмати онҳо дар оила асту ҳамин чиз меҳру муҳаббатро фузун мегардонад”, - гуфт мусоҳиби мо.
Муяссара Олимзода, муовини сардори Раёсати кор ба занон ва оила дар ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки рӯзи 8 март баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи модар дар муассисаи давлатии Қасри Арбоб и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар дошта шудааст.
Раиси Суғд ба шодбошии бонуҳои шинохтаи Тоҷикистон рафт
“Дар ин чорабинии мутантан занони собиқадорони меҳнат аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, фаъолзанони роҳбар ва инчунин донишҷӯдухтарони донишгоҳҳо даъват карда мешаванд” - зикр кард, Олимзода.
Ин масъули ҳукумат оид ба умури занон ва оила гуфт, ки баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа зери таваҷҷӯҳи давлат қарор дорад.
Ӯ, афзуд, ҳамасола ба занони ҳунарманд ва соҳибкор грантҳои президентӣ ва грант аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд тақдим карда мешавад.
Рустами Эмомалӣ занони фаъоли шаҳри Душанберо қадрдонӣ кард
Бино ба иттилоъи ӯ, соли гузашта ба беш аз 60 зани Суғд наздики 1 млн. сомонӣ гранти давлатӣ эъто карда шудааст.
Фелан нисфи аҳолии вилояти Суғдро занону бонувон ташкил мекунад, ки шумораи онҳо 1,4 млн нафар гуфта мешавад. Аз ин шумора 22,6 ҳазор дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1,1 ҳазор зани дигар дар хизмати давлатӣ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0