Эрон қатъияти азмаш барои иштирок дар СҲШ-ро таъкид кард

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2023
Обуна шудан
Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, ки ният дорад яке аз фаъолони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардаду бо аъзои он ҳамкориҳоро густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Тасмими Теҳрон барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ширкати фаъол дар кори ин созмон қатъист.
Ин нуктаро вазири умури хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо дабири кулли СҲШ, Чжан Мин баён доштаст.
Вазири умури хориҷии Эрон ба роҳбарияти ин созмон барои мусоидат дар раванди вуруди кишвар ба ҳайати он изҳори сипос кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан парлумони Эрон тарҳи қонун дар бораи пайвастани ҷумҳурии исломӣ ба СҲШ-ро тасвиб кард.
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Дипломати Русия: СААД ва СҲШ муштаракоти зиёд доранд
Сухангӯи Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон, Абулфазл Амуӣ, таъкид намуда буд, ки шарти узвияти кишвар дар СҲШ ин тасвиби ҳама асноди то кунун қабулшуда аз сӯи ин созмон аст.
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ қаблан таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошта буд Раисӣ.
Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0