https://sputnik.tj/20230306/zanoni-viloyat-khatlon-mayl-kor-davlati-1055343008.html
Занони вилояти Хатлон майли ба кор дар муассисаҳои давлатӣ надоранд
Занони вилояти Хатлон майли ба кор дар муассисаҳои давлатӣ надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон кам ба назар мерасад, гуфт ахиран дар ҷаласае роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Орифзода Муҳаммад
2023-03-06T17:55+0500
2023-03-06T17:55+0500
2023-03-06T17:55+0500
дар тоҷикистон
занон
бонувон
хатлон
кор
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/14/1031930181_0:27:1715:992_1920x0_80_0_0_0ce557db6ed43373a62e5879da33f218.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар ҷаласае, ки ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон баргузор шуд яке аз масоили муҳим ин баррасии фарогирии занону бонувон ба корҳои хизмати давлатӣ буд.“Имрӯз шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ кам аст”, - гуфт оқои Орифзода.Дар ҳамин ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дастуру супоришҳо додааст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби раисони Ҷамоати шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон бештар доир карда шавад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки умораи занҳои роҳбар дар вилоят тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.Ба иттилои мақомоти Хатлон дар вилоят аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20230306/dahho-joyi-kor-dastgohhoi-navoihii-khatlon-1055337794.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/14/1031930181_0:0:1519:1139_1920x0_80_0_0_5b447d92bfab345e74486f9659c642bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, занон, кор, муассисаҳои давлатӣ, корҷӯ, бонувон, ҷаласа
тоҷикистон, хатлон, занон, кор, муассисаҳои давлатӣ, корҷӯ, бонувон, ҷаласа
Занони вилояти Хатлон майли ба кор дар муассисаҳои давлатӣ надоранд
Шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон кам ба назар мерасад, гуфт ахиран дар ҷаласае роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Орифзода Муҳаммад
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар ҷаласае, ки ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон баргузор шуд яке аз масоили муҳим ин баррасии фарогирии занону бонувон ба корҳои хизмати давлатӣ буд.
“Имрӯз шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ кам аст”, - гуфт оқои Орифзода.
Дар ҳамин ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дастуру супоришҳо додааст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби раисони Ҷамоати шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон бештар доир карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки умораи занҳои роҳбар дар вилоят тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои мақомоти Хатлон дар вилоят аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.