Даҳҳо ҷойи кор дар дастгоҳҳои навоҳии Хатлон холист

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонРоҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад
Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш додааст, ки барои пур кардани ҷойҳои кори холӣ дар зарфи як ҳафта озмун баргузор кунанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи назди роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад бо мудирони шуъбаҳо, роҳбарони дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо барассӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа Орифзода Муҳаммад таъкид кардааст, ки дар зарфи як моҳи пешомад бояд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, маълумот дар мавриди ташкили озмун барои қабули корҷӯён ба унвонии дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод карда шавад.
ДАр ин ҷаласа қайд гардидааст, ки айни замон дар ноҳияи Шаҳритус 39 ҷойи кории холӣ, Қубодиён 29 ҷойи кории холӣ, Панҷ 19 ҷойи кории холӣ, Носири Хусрав 17 ҷойи кории холӣ, А.Ҷомӣ 32 ҷойи кории холӣ , Вахш 42 ҷойи кории холӣ , Ҷайҳун 18 ҷойи кории холӣ, Кӯшониён 36 воҳиди кори, шаҳри Кулоб 22 ҷойи кории холӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Ба роҳбарони дастгоҳи шаҳру ноҳияҳои зикршуда ва мудирони шуъбаҳои кадрҳо дастур дода шуд, ки дар давоми як ҳафта озмун барои ҷойҳои корӣ холӣ ташкил ва корҷуён бо ҷои кори доимӣ бо назардошти талаботи озмун таъмин карда шаванд”,- зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа масъалаи фарогирии занону бонувон ба корҳои хизмати давлатӣ баррасӣ гардид.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2023
Боздиди вазир аз "Роғун": 8 ҳазор ҷойи кор холист
Таъкид шудааст, ки имрӯз шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ кам ба назар мерасад.
Барои ҷалби занон ба корҳоли давлатӣ бо дастури роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби раисони Ҷамоати шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон бештар карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0