Баҳои сармураббӣ ба бозии ҷавонони Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар Уммон

© Дафтари матбуоти ФФТСармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев
Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Сармураббии тими миллии ҷавонони Тоҷикистон аз пирӯзӣ бар дастаи Уммон истиқбол кард, аммо изҳор дошт, ки камбудиҳо низ ҷой доштанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми Ҷоми Осиё - 2023 бар тими Уммон ғолиб шуд.
Ба иттилои ФФТ, ин бозӣ, ки дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 79-ум сарвони даста Амадонӣ Камолов ба самар расонд, афзуд манбаъ.
Сарвони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, муаллифи голи ғалабаовар дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Раҳимов ҳам бе медал монд: Тоҷикистон ҷои 7-ум гирифт
Акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8 март мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳад кард. Тими кореягӣ дар ду вохӯрӣ 6 имтиёз ба даст овардааст.
Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар бораи натоиҷи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 изҳор дошт, ки иштибоҳҳо низ ҷой доштанд, аммо муҳим пирӯзист, ки имкони идомаи рақобатро медиҳад.
Вай аз ҷумлаи камбудиҳо дар бозии тимро норасоиҳои дар малакаи иҷроӣ хонда, афзуд, ки рақиби навбатӣ тими тавоност, ки бо он сабқат хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё - 2023 тими Тоҷикистон аз дастаи Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0