Раҳимов ҳам бе медал монд: Тоҷикистон ҷои 7-ум гирифт

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Тими Тоҷкистон дар мусобиқаи байналмилалии "Tashkent Grand Slam 2023" дар зинаи 7-ум қарор гирифт. Дар ҷои аввал Ҷопон ва дуюм Ӯзбекистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ҷудокорони тоҷикистонӣ мусобиқаи "Tashkent Grand Slam 2023"-ро бо 1 нишони тило , 1 биринҷӣ, 1 зинаи 5-ум ва 1 зинаи 7-ум ҷамъбаст намуда, дар радабандии умумӣ дар мақоми 7 қарор гирифтанд.
Дар рӯзи охири мусобиқа, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило барои нишони биринҷӣ бо ҷудокор аз Гурҷистон, Заалишвили Гела сабқат карда, мағлуб шуд. Дар даври нимниҳоӣ Раҳимов аз рақиби ҷопонияш Саито Татасуру шикаст хӯрда буд.
Дар финали вазни беш аз 100 кило Саито Татасуру бо намояндаи кишвари мизбон Алишер Юсупов зӯрозмоӣ кард. Паҳлавони ӯзбекистонӣ дар ин сабқат пирӯз ва барандаи ҷои аввал гардид.
Ҳамчунин ҷудокори тоҷик, Комроншоҳи Устопириён аз рақиби ӯзбекистонияш, Ҷаҳонгир Маҳмадраҳимов шикаст хӯрда, аз идомаи сабқат дар "Tashkent Grand Slam 2023" маҳрум гардида буд.
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Аз ваъдаҳо то ноумедӣ: Размикори тоҷик аз роҳаш ба UFC гуфт - видео
Устопириён дар даври чорякниҳоӣ аз ҳарифи бразилӣ, Ферейра Ҷиовани низ мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ дар даври тасалобахш бо паҳлавони ӯзбекистонӣ вориди майдон шуд, аммо бахташ омад накард.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар "Tashkent Grand Slam 2023", ки аз 3 то 5 март идома дошт, 13 нафар ҷудокор намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи аввал дар вазни то 66 кило Эмомалии Нуралӣ тавонист ҳамаи ҳарифонашро шикаст диҳаду медали тилои "Tashkent Grand Slam 2023"-ро ба даст орад.
Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик тавонист ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз як нишони фахрӣ - медали биринҷӣ орад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа дар Тошканд, Маҳмадбеков ҳарифи австрягии худро шикаст дод ва нишони биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023"-ро соҳиб шуд.
Лентаи хабарҳо
0