Русия моҳвораҳои Эронро ба кайҳон мебарорад

© PixabayКосмический спутник, архивное фото
Космический спутник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Русия ва Эрон ҳамкорияшонро дар бахши кайҳон таҳким бахшида, интизор меравад моҳвораҳои ҷадидро ба мадори кураи Замин партоб кунанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Русия ба Эрон кумак хоҳад кард, то ду моҳвора ба мадор гузорад, иттилоъ додааст расонаи эронии ISNA.
Ба иттилои манбаъ, моҳвораҳои ҷадид "Ковсар" ва "Ҳудҳуд" ном дошта, дар назар аст, ки моҳи декабри соли равон ба мадор бароянд.
Таъкид шудааст, ки ин дастгоҳҳо барои корҳои иктишофии мулкӣ истифода хоҳанд шуд на низомӣ. Дар назар аст, ки моҳвораҳо дар баландии 500 километр сар дода шаванд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки моҳвораи мушоҳиди "Ковсар" барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, харитасозӣ ва геодезӣ кор бурда шавад.
"Ҳудҳуд"-ро Эрон барои тарҳрезиҳои нақлиётӣ, идораи ҳолатҳои буҳронию фавқулодда ва ҳамчунин хоҷагии қишлоқ истифода бурданист.
Маврид ба зикр аст, ки барномаи кайҳонии Эрон ҳанӯз соли 2004-ум роҳандозӣ шуда, кишвар ба даҳгонаи давлатҳое доғил мешавад, ки моҳвораҳои худӣ тавлид мекунанд.
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Туркия гуфт, ки аз таҳримҳои зидди Русия ва Эрон ҷонибдорӣ намекунад
Муносиботи Теҳрону Маскав дар марҳилаи тилоӣ қарор доранд, изҳор дошт ахиран сафири Эрон дар Русия, Козим Ҷалолӣ.
Сафири эронӣ таъкид намуд, ки муносиботи Теҳрону Маскав дар ҳамаи бахшҳо ба таври мунтазам таҳким ёфта истодаанд.
Қаблан намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон дар ҳоли таҳким қарор доранд.
Вай қайд кард, ки ду тараф бидуни назар ба андешаи ғарбиҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба машғуланд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб мебошанд.
Зикр гардид, ки гардиши коло миёни Русия ва Эрон дар давоми соли гузашта ҳудуди 20% афзоиш ёфта, ба ҳадди 5 млрд доллар баробар гардидааст.
Гӯш кардани ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои калидӣ ба манфиатҳои аҳолии Русия ва Эрон мувофиқ аст, вай хулоса кард.
Лентаи хабарҳо
0