https://sputnik.tj/20230302/turkiya-tahrim-zidd-rusiya-eron-jonibdori-1055247494.html
Туркия гуфт, ки аз таҳримҳои зидди Русия ва Эрон ҷонибдорӣ намекунад
Туркия гуфт, ки аз таҳримҳои зидди Русия ва Эрон ҷонибдорӣ намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Туркия гуфт, ки кишвараш аз таҳримоти якҷониба пуштибонӣ нахоҳад кард ва дар ин маврид низ мустақилона тасмим мегирад
2023-03-02T10:46+0500
2023-03-02T10:46+0500
2023-03-02T10:46+0500
туркия
дар русия
эрон
сиёсат
таҳрим
пуштибонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ҳимоят намекунад. Дар ин бора Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия изҳор доштааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Форс".Чавушоғлу қабл аз мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Деҳлии Нав дар посух ба ин суол, ки Анқара то куҷо метавонад ба эъмоли таҳримҳои зидди Русия муқовимат кунад, гуфт: "Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи кишварҳо пуштибонӣ намекунад ва дар ин замина таслими фишорҳои беруна намешавад. Вай дар идома афзуд, ки сухан танҳо дар бораи Русия нест, мо аз таҳримҳои зидди Эрон ё ягон кишвари дигар низ ҷонибдорӣ намекунем. Мо худамон тасмим мегирем ва касе наметавонад бар мо фишор оварад. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 25 апрел дар бораи бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия изҳорот нашр кард. Дар баёнияи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки Иттиҳодия маҳдудиятҳои содироту воридот ва манъи расонаҳои хабариро дар бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия шомил кардааст.
https://sputnik.tj/20230117/eron-rusiya-peshnihod-tasis-nihod-muboriza-tahrimho-1054286694.html
туркия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия таҳримҳо русия эрон ҷонибдорӣ
туркия таҳримҳо русия эрон ҷонибдорӣ
Туркия гуфт, ки аз таҳримҳои зидди Русия ва Эрон ҷонибдорӣ намекунад
Вазири хориҷаи Туркия гуфт, ки кишвараш аз таҳримоти якҷониба пуштибонӣ нахоҳад кард ва дар ин маврид низ мустақилона тасмим мегирад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ҳимоят намекунад.
Дар ин бора Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия изҳор доштааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Форс".
Чавушоғлу қабл аз мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Деҳлии Нав дар посух ба ин суол, ки Анқара то куҷо метавонад ба эъмоли таҳримҳои зидди Русия муқовимат кунад, гуфт: "Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи кишварҳо пуштибонӣ намекунад ва дар ин замина таслими фишорҳои беруна намешавад.
"Мо ниёз ба муқовимат [дар баробари аъмоли таҳримот алайҳи Русия] надорем. Мо ба ҳеҷ гуна таҳримҳои якҷониба ҳамроҳ нестем ва танҳо аз таҳримҳое, ки бо ҳимояти Созмони Милал ҷорӣ мешаванд, ҷонибдорӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Вай дар идома афзуд, ки сухан танҳо дар бораи Русия нест, мо аз таҳримҳои зидди Эрон ё ягон кишвари дигар низ ҷонибдорӣ намекунем.
Мо худамон тасмим мегирем ва касе наметавонад бар мо фишор оварад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 25 апрел дар бораи бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия изҳорот нашр кард.
Дар баёнияи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки Иттиҳодия маҳдудиятҳои содироту воридот ва манъи расонаҳои хабариро дар бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия шомил кардааст.