“Рафтам, гапи мард якто!”: Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз мақомаш истеъфо дод

© Facebook / Абдукодир ТалбаковАбдукодир Талбаков, архивное фото
Абдукодир Талбаков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе қаблан ба унвонии раиси шаҳри Душанбе аризаи истеъфояшро пешниҳод карда буд ва он ахиран, имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Абдуқодир Талбаков) рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳсҳои тундаш дар бораи дини Зардушт ва пуштибонияш аз таърихи пеш аз исломи тоҷикон маъруф аст.
“Масъалаи таърихӣ бо хоҳиши худам аз вазифаи директори Китобхонаи Лоҳутӣ рафтанам баъзе душманонамро нигарон карда буд, рафтам, гапи мард якто!”, - нивиштааст Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар вазифаи мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ҳафт сол кор кардааст. Дар гузашта мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Нусратулло Салимзода барканор шуду вазифаи нав гирифт
Номбурда афзуд, ҳоло ҳеҷ мансаберо пешниҳод накардаанд ва агар дар бахши идеология ягон вазифаеро пешниҳод кунанд, шояд, ки кор кунад. Ҳоло гуфт, ба кори хоҷагидорӣ машғул мешавад.
Номи ӯ дар чанд ҳафтаи охир, пас аз тасмимаш барои ташкили ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон, пурсарусадо шуд.
Баёнияи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тунд дар бораи дини Зардушт ва Исломро ба бор овардааст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мусоҳибаи ахиран даъво кард, ки то имрӯз барои андешаҳояш мавриди таҳдиду таҳқир қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0