Нусратулло Салимзода барканор шуду вазифаи нав гирифт

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Далели барканории Салимзода Нусратулло Файзулло аз мақоми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанберо имзо кард.
Бар асоси фармони президент, далели барканории Салимзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Бо фармони президенти дигари раисҷумҳур, Салимзода Нусратулло Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъйин карда шавад.
Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Аз челонгар то курсиҳои баландпояи раисӣ: Шариф Самӣ ба нафақа рафт
Маврид ба зикр аст, президент моҳи январи соли 2017 Салимзода Нусратулло Файзуллоро аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва раиси ноҳияи Сино таъйин карда буд. Ӯ аз соли 2008 то 2017 вазири тандурустӣ буд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ӯ солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков кор кардааст.
Мақоми сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон аз ҷойҳои кори дигари ӯ тайи ин муддат арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0