Қазоқистон барои хариди пиёз бо Тоҷикистон созиш кардааст

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии муовини аввали вазири савдо ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон рафта, барои таъмини маҳсулоти барвақтӣ созишнома бастаанд
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созишнома оид ба интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон имзо шудааст.
Дар ин бора Вазорати савдо ва ҳамгироии иқтисодии Қазоқистон бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироӣ, Арман Шакалиев бо ҳамроҳии намояндагони минтақаҳо, ба Тоҷикистон сафар анҷом дода, бо мақомдорони баландпоя мулоқот дошт.
Аз ҷумла дар доираи ин боздид, Шакалиев бо сардори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ва муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нигина Анварӣ мулоқот доштаст.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Нақшаи кишти пиёз дар Тоҷикистон мушаххас шуд: Чанд гектар?
Мавзӯи асосии музокирот таъмини бозори Қазоқистон бо меваю сабзавот дар мавсими дарпешистода мебошад, чун захираи сабзавоти маҳаллӣ тамом мешаваду то ҳосили нав зарурати воридоти он ба миён меояд.
Тафсилот дар мавриди ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон зикр нашудааст, чун дар дохили худи кишвар низ болоравии нархи он ба қайд гирифта шуда буду мақомот аз маҳдудияти берун бурдани он гуфтанд.
Қаблан соҳибкорони Қазоқистон изҳори омодагӣ карда буданд, ки 15 млн доллар барои пиёзи Тоҷикистон пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
Вазорати савдои Қазоқистон аз афзоиши гардиши мол бо Тоҷикистон тавсиф карда, изҳор дошт, ки ҳаҷми он дар соли гузашта 1,4 млрд долларро ташкил дод.
Таъкид шудаст, ки ҳаҷми содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон наздики 10% афзуда, ба зиёда аз 877 млн доллар расидаст.
Лентаи хабарҳо
0