https://sputnik.tj/20230306/barqiya-shodboshi-rahmon-prezident-tozaintikhob-vetnam-1055345247.html
Барқияи шодбошии Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ветнам
Барқияи шодбошии Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ветнам
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба раҳбари тозаинтихоби Ветнам барқияи шодбошӣ ирсол карда ба мардуми Ветнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст
2023-03-06T20:00+0500
2023-03-06T20:00+0500
2023-03-07T09:16+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
барқия
паёми табрикот
номаи табрикотӣ
барқияи табрикотӣ
ветнам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054520102_0:684:2424:2048_1920x0_80_0_0_8d267f0293797addeccc65f60be29904.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Дар барқияи худ, кишвардори Тоҷикистон Президенти Ветнамро сидқан табрик намудааст.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кардааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ба ҳам мепайванданд.“Мо ба дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Вйетнам диди нек дорем ва ҳамеша алоқаманди рушду таҳкими онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”,- қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.Вай изҳори умедворӣ намудааст, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии миёни ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки Тоҷикистон омодааст, ҷиҳати истифодаи муассири имкониятҳои дар ин самт мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро андешам ва ба муколамаи созандаи байнидавлатии миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома бахшем.
https://sputnik.tj/20230303/muloqot-prezidenti-tojikiston-rohbar-totoriston-1055277947.html
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054520102_601:680:2424:2048_1920x0_80_0_0_1ce2a8bdd98efcff570431ea7c5050a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, президент, тозаинтихоб, барқия, ветнам, табрикот, равон, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, раисҷумҳур, президент, тозаинтихоб, барқия, ветнам, табрикот, равон, эмомалӣ раҳмон
Барқияи шодбошии Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ветнам
20:00 06.03.2023 (Навсозишуда: 09:16 07.03.2023) Кишвардори Тоҷикистон ба раҳбари тозаинтихоби Ветнам барқияи шодбошӣ ирсол карда ба мардуми Ветнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи худ, кишвардори Тоҷикистон Президенти Ветнамро сидқан табрик намудааст.
“Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям”,- гуфта шудааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кардааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ба ҳам мепайванданд.
“Мо ба дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Вйетнам диди нек дорем ва ҳамеша алоқаманди рушду таҳкими онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”,- қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Вай изҳори умедворӣ намудааст, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии миёни ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки Тоҷикистон омодааст, ҷиҳати истифодаи муассири имкониятҳои дар ин самт мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро андешам ва ба муколамаи созандаи байнидавлатии миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома бахшем.