https://sputnik.tj/20230303/muloqot-prezidenti-tojikiston-rohbar-totoriston-1055277947.html
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо роҳбари Тотористон: Раҳмон интизориҳояшро гуфт
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо роҳбари Тотористон: Раҳмон интизориҳояшро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ҷумҳурии Тотористон дар доираи сафари раиси ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон рафта, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ дорад
2023-03-03T11:05+0500
2023-03-03T11:05+0500
2023-03-16T16:37+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тотористон
мулоқот
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055277598_0:0:907:511_1920x0_80_0_0_f5501abdab5ace2f9d63d63e972c1ab3.png
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Тотористон Рустам Минниханов таҳкими муносиботро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари Тотористон дар доираи сафари раиси ҳукумати Русия, Михаил Мишустин дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Тотористон - ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Русия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд."Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд", - омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.Президенти Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки сафари Минниханов барои густариши равобити дуҷониба таҳким бахшанд.
https://sputnik.tj/20230303/tarhi-jadid-zabon-farhang-rus-tojikiston-oghoz-1055276787.html
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055277598_9:0:820:608_1920x0_80_0_0_55d7fc54bef12fa1ad3fc8be70cd0ebe.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президенти тоҷикистон, тотористон, мулоқот
эмомалӣ раҳмон, президенти тоҷикистон, тотористон, мулоқот
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо роҳбари Тотористон: Раҳмон интизориҳояшро гуфт
11:05 03.03.2023 (Навсозишуда: 16:37 16.03.2023) Роҳбари ҷумҳурии Тотористон дар доираи сафари раиси ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон рафта, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Тотористон Рустам Минниханов таҳкими муносиботро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари Тотористон дар доираи сафари раиси ҳукумати Русия, Михаил Мишустин дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.
Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Тотористон - ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Русия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
"Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.
Президенти Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки сафари Минниханов барои густариши равобити дуҷониба таҳким бахшанд.