https://sputnik.tj/20230304/vmkb-boz-larzid-1055307050.html
ВМКБ боз "ларзид"
ВМКБ боз "ларзид"
Sputnik Тоҷикистон
Ин навбат ҳам маркази заминҷунбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин минтақаро чанд ҳафта боз заминҷунбӣ такон медиҳад 04.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-04T12:50+0500
2023-03-04T12:50+0500
2023-03-04T12:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. ВМКБ аз субҳи 4 март то нимарӯз аллакай ду маротиба заминҷунбӣ такон дод.Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки заминҷунбӣ дуввум соати 11:36 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.Шиддати ларзиши замин 3.6 бал арзёбӣ шуда, он дар умқи 215 километр сар задааст.Феълан мақомоти Тоҷикистон расман ба вуқуъ омадани заминҷунбиро шарҳ надодаанд аз ин рӯ маълум нест, ки заминҷунбии навбатӣ чӣ паёмаде ба бор овард.Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.КҲФ пас аз сар задани ин заминҷунбӣ гуфт, дар қаламрави кӯли Сарез ягон тағйирот ба қайд гирифта нашуд. Ин ниҳод гуфт, соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.
https://sputnik.tj/20230304/vmkb-zaminjunbi-takon-dod-1055306100.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ, вмкб
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ, вмкб
ВМКБ боз "ларзид"
Ин навбат ҳам маркази заминҷунбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин минтақаро чанд ҳафта боз заминҷунбӣ такон медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. ВМКБ аз субҳи 4 март то нимарӯз аллакай ду маротиба заминҷунбӣ такон дод.
Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки заминҷунбӣ дуввум соати 11:36 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Шиддати ларзиши замин 3.6 бал арзёбӣ шуда, он дар умқи 215 километр сар задааст.
Феълан мақомоти Тоҷикистон расман ба вуқуъ омадани заминҷунбиро шарҳ надодаанд аз ин рӯ маълум нест, ки заминҷунбии навбатӣ чӣ паёмаде ба бор овард.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.
КҲФ пас аз сар задани ин заминҷунбӣ гуфт, дар қаламрави кӯли Сарез ягон тағйирот ба қайд гирифта нашуд. Ин ниҳод гуфт, соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.