https://sputnik.tj/20230304/vmkb-zaminjunbi-takon-dod-1055306100.html
ВМКБ-ро боз заминҷунбӣ такон дод
ВМКБ-ро боз заминҷунбӣ такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Давоми чанд ҳафтаи ахир, қариб рӯзи нест, ки ин минтақаи дурдасти Тоҷикистонро лоақал як маротиба заминҷунбӣ такон надиҳад
2023-03-04T10:29+0500
2023-03-04T10:29+0500
2023-03-04T10:33+0500
дар тоҷикистон
вмкб
заминҷунбӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/08/1031520837_0:175:3021:1874_1920x0_80_0_0_5039e8fd77ee5259d7cd83f1ab10707c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Субҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз бо заминҷунбӣ дамид. Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки заминҷунбӣ соати 05:23 дақиқа ба вуқӯъ пайваст.Шиддати ларзиши замин 4.5 бал арзёбӣ шуда, он дар умқи 10 километр сар задааст.Феълан мақомоти Тоҷикистон расман ба вуқуъ омадани заминҷунбиро шарҳ надодаанд аз ин рӯ маълум нест, ки заминҷунбии навбатӣ чӣ паёмаде ба бор овард. Давоми чанд ҳафтаи ахир, қариб рӯзи нест, ки ин минтақаи дурдасти Тоҷикистонро лоақал як маротиба заминҷунбӣ такон надиҳад.Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.КҲФ зикр намуда буд, ки системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.
https://sputnik.tj/20230303/zaminjunbi-tarma-tamdidi-sim-kortho-ruydodho-fevral-1055303719.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/08/1031520837_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_a8c8316b8e635128a72897348ac87581.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб заминҷунбӣ
ВМКБ-ро боз заминҷунбӣ такон дод
10:29 04.03.2023 (Навсозишуда: 10:33 04.03.2023) Давоми чанд ҳафтаи ахир, қариб рӯзи нест, ки ин минтақаи дурдасти Тоҷикистонро лоақал як маротиба заминҷунбӣ такон надиҳад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Субҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз бо заминҷунбӣ дамид.
Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки заминҷунбӣ соати 05:23 дақиқа ба вуқӯъ пайваст.
Шиддати ларзиши замин 4.5 бал арзёбӣ шуда, он дар умқи 10 километр сар задааст.
Феълан мақомоти Тоҷикистон расман ба вуқуъ омадани заминҷунбиро шарҳ надодаанд аз ин рӯ маълум нест, ки заминҷунбии навбатӣ чӣ паёмаде ба бор овард.
Давоми чанд ҳафтаи ахир, қариб рӯзи нест, ки ин минтақаи дурдасти Тоҷикистонро лоақал як маротиба заминҷунбӣ такон надиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.
Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.
Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.
КҲФ зикр намуда буд, ки системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.
Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.